Салом ба кулли хонандагони сомонаи Оила.ТҶ! Ростӣ, пештар маводҳои ин сомонаро хонда, фикр мекардам, ки ҳамааш сохтаву бофта аст, вале имрӯз худам ба гирдоби мушкилоти зиндагӣ афтодаам ва маҷбур шудам, ки ба шумо муроҷиат намуда, маслиҳат пурсам.
Ман марди оиладор ва падари 5 фарзанд ҳастам. Ҳамсарам зани зебо набошад ҳам, дӯсташ медорам, зеро модари фарзандонам аст, вале...
Занам кадбонуи хуб аст, хӯрокҳои бомазза мепазад, тозакор аст, аммо ду одати бад дорад - бениҳоят бадрашк аст ва аз забонаш заҳр мерезад. Ман ронандаи таксӣ ҳастам, саҳар соатҳои 4-и субҳ аз хона мебароям ва рӯзи дароз кор карда, намози шом хаставу лакот бармегардам, вале ба ҷойи ҳолу аҳволамро пурсидану дар наздам як коса таом гузоштан баробари аз дар даромадан занам ба ҳамла гузашта, дод мезанад, ки то ин вақт дар бағали кадом бева будӣ? Вай гумон мекунад, ки ман бо баҳонаи кор рӯзи дароз мошинсавор маъшуқабозӣ карда мегардам.
Бовар кунед, суханҳои нешдори занам чунон ба дилам задаанд, ки дигар поям намекашад ба хонаи худам равам. Ба гӯристон раваму рӯйи зани бадрашкамро дигар набинам мегӯям.
Шояд шумо гумон кунед, ки ман марди занбоз ҳастам ва барои ҳамин ҳамсарам рашк мекунад, вале дар асл чунин нест. Дар умрам ба ягон зани дигар чашм ало накардаам. Намедонам чаро занам маро ба симчӯби сари роҳ ҳам рашк мекунад? Сарам дар ҷавонӣ аз дасти ин зани бадрашк сафед шуд.
Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
С. Д., сокини шаҳри Душанбе