Arzon march 2024
Занам “бизнесмен” шуду рӯзам сиёҳ гашт
13.05.2025
Oila.tj
1299

Салом! Одатан мардҳо сирру асрори хонаводаи худро ҳаргиз пеши касе фош намесозанд, вале рафтори беақлонаи занам маро маҷбур намуд, ки ба хонандагони азиз муроҷиат намуда, маслиҳат бипурсам.

Ману ҳамсарам бо ишқу муҳаббат хонадор шудаем. Росташро гӯям, волидон ва хешу табор ба издивоҷи ман бо ин духтар розӣ набуданд, вале азбаски сидқан дӯсташ медоштам, гапи касеро гӯш накарда, тӯйи осмонкаф ороста, маликаи орзуҳоямро ба хона овардам, аммо...

Рӯзҳои аввали хонадориамон занам ягон рафтори ноҷо намекард, духтари нағз буд, вале рафта-рафта қилиқҳои нав баровард. Дилаш хӯрокҳои бомаззаву либосҳои қиматбаҳо кашида, зуд-зуд бо ман ҷанг мешуд, қаҳру ароз мекард.

Билохира гуфт, ки бо кори савдо машғул шудан мехоҳад. Ҳайрон шуда гуфтам, ки ту савод надорӣ, ҳисобу китобро намедонӣ, чӣ тавр савдо мекунӣ?! Фаҳмондам, ки агар савдогарӣ кори осон мебуд ва пул ҳамту муфт ба даст меомад, ин қадар мардум азоби бепулӣ намекашиданд, вале ин занаки мӯйдарози ақлкӯтоҳ оқибат кори худашро карда, аз шиносу ношинос пули зиёде қарз гирифта, ба таври худаш “бизнес” карданӣ шудааст.

Намедонам пулро дар куҷо сарф кардааст, вале оқибати “бизнесмен” шудани занам ҳамин шуд, ки оилаи мо якбора ба гирдоби қарз ғӯтид. Вақте фаҳмидам, ки занам аз ман пинҳонӣ бо савдогарӣ машғул шуда, маблағи калон қарздор шудааст, ҳуш аз сарам парид, вале ба хотири 3 фарзандам занамро талоқ надодам.

Як сол боз аз шарм дар байни ҳақу ҳамсоя сарамро бардошта наметавонам. Ҳар дафъае, ки ягон кас қарзашро пурсиданӣ меояд, замин намекафад, ки дароям. Дар умрам аз касе қарз нагирифта будам, вале имрӯз гапи ман дар даҳони тамоми мардуми деҳа афсона шудааст.

Хулоса, дилам аз занам мисли ях хунук шудааст, мехоҳам ҷавоби ин занаки бефаросатро дода, сарамро гирифта ба Русия равам, вале модарам худашро ба пеши поям партофта, зорӣ мекунад, ки гардани шайтонро шиканам ва оилаамро бо дасти худам вайрон насозам.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, бо ин зани беақл чӣ кор кунам?

С. О.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД