Баъзе занҳои мо як одати бад доранд, барои сухани худро ҳақ баровардан ҳатто бо падарашон қасам мехӯранд. Донистан мехостам, ки вақте зан дар назди шавҳараш қасам мехӯрад, ки агар ман дубора ҳамин гапро такрор кунам, падарам ба ҷои шавҳарам бошаду зиндагии мо ҳаром гардад ва баъди савганд хӯрданаш боз ҳамон гапашро такрор мекунад, никоҳи зану шавҳар бурида мешавад ё не? Пас аз чунин қасам бо зан зиндагӣ кардан ҳалол аст ё ҳаром?
М. С, хонандаи сомонаи Оила. ТЧ
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Бонувон ҳуқуқ надоранд, ки бо чунин алфоз қасам хӯранд, чунки он зишт ва беэътибор аст. Аз нигоҳи дини мубини ислом, хусусан аз нигоҳи мазҳаби имом Абуҳанифа (р.а) танҳо бо номи Худованд ё бо сифате аз сифатҳои Ӯ қасам мехӯранд. Ҳуруфи қасам сето,- Валлоҳ, Биллоҳ, Таллоҳ аст.
Бо Қуръон савганд ёд кардан ва бо зану хонаву дари ҳалоли худ қасам хӯрдан танҳо урфу одати мардуми мо аст. Қасами ин хоҳар аз нигоҳи динӣ ягон асос надорад. Зан, баъди чунин қасам хӯрдан дубора ба он кор даст занад, дар никоҳаш халал ворид намешавад, вале беҳтар мебуд, ки занони тоҷик аслан чунин каломро ба забон наоранд.