Formula novemver 2024
ЗАГС надорем, фарзандонам насаби падарашонро гирифта метавонад?
04.05.2023
ОИЛА
746


Ба саволҳои хонандагони ҳафтаномаи «Оила» адвокат Иноят Иноятов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ ва баҳсҳои ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат 98-517-02-21 занг занед.

Савол:
Шавҳарам ҷавонмарди дасткушод аст, барои ману кӯдаконам тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст, вале насабашро ба фарзандонаш додан намехоҳад. Гап дар сари он аст, ки падари кӯдаконам бо зани дигар ЗАГС дорад ва бо ман танҳо никоҳи мусалмонӣ бастаасту халос. Донистан мехоҳам, ки оё ман метавонам ба фарзандонам бо насаби падарашон шаҳодатномаи таваллуд бигирам ё не?
М. Г, ш. Душанбе

Посух
Хоҳари азиз, сарфи назар аз он ки волидонаш аз қайди ақди никоҳ гузаштаанд ё не, ҳар як кӯдак метавонад насаби падарашро бигирад, агар худи мард-падар фарзандашроэътироф намояд. Дар ҳолати аз падару модари ақди никоҳи расмӣ надошта таваллуд ёфтани кӯдак ва набудани аризаи муштараки волидон ё аризаи падари кӯдак, барои эътирофи падарӣ ариза пешниҳод кардан лозим аст. Масъалаи муқаррар кардани падарӣ дар асоси аризаи яке аз волидон, васӣ-парастори кӯдак ва ё аризаи шахсе, ки кӯдак дар таъминоташ қарор дорад, дар суд баррасӣ карда мешавад. Ҳангоми ба балоғат расидан худи фарзанд низ метавонад барои муқаррар кардани падарӣ ва гирифтани ному насаби падараш ариза пешниҳод намояд. Ба шумо тавсия медиҳем, ки бо аризаи даъвогӣ оиди муқаррар намудани падарӣ ба суд муроҷиат кунед, зеро ин барои ояндаи фарзандонатон бисёр муҳим аст. Кӯдаконе, ки ному насаби падарро гирифтаанд, ҳуқуқҳояшон ба ҳуқуқи кӯдакони аз никоҳи расмӣ ба дунё омада баробар мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД