Овозхони маъруфи кишвар Зафар Аюбӣ (маъруф ба тахаллуси Зафарча), ки рӯзи 11 май бо иттиҳоми гирифторӣ ба пневмония дар беморхонаи Мансурови пойтахт бистарӣ гашт, имрӯз аз дунё гузашт. Инро нафре бо исми МММ чанд лаҳза пеш дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод.
Хабари мазкур дар як лаҳза тамоми истифодабарандагони фейсбукро ба изтироб андохт. Зери шарҳ ҳама нисбати сароянда фикру назарҳояшонро навишта, аз марги нобаҳангомаш афсӯс мехӯрданд.
Ромизи Парвиз, сарояндаи умедбахш, хабари марги Зафар Аюбиро аввалиншуда рад кард ва изҳор дошт, ки Зафар Аюбӣ намурдааст ва қайд кард, ки чанд лаҳза пеш бо бародараш ҳамсӯҳбат шуда будам.
Хабарнигори Сомонаи Оила Рустам Азимӣ атрофи ин овоза ба бародарзодаи Зафар, Пайрав Аюбӣ занг зада аз дурӯғ будани ин овоза аз забони ӯ чунин шунид: "Зафар Аюбӣ намурдааст, ин овозаи кадом ноқисунақл аст. МММ шояд ягон хусумати бадбинӣ дошт, нисбати Зафар ва оилаи ӯ албатта! Як гапи дурӯғи ӯ сабаб шуд, ки нисфи аҳолии кишвар ба ман занг зада, аҳволпурсӣ намоянд. Бовар накунед мардум, ин овоза ягон асос надорад. Зафар Аюбӣ хуб аст, каме шамол хӯрдааст ва худо хоҳад боз рӯзҳои наздик рӯи саҳнаи тоҷик ба дидори мухлисонаш мерасад.
Зафар Аюбӣ, зодаи шаҳри Кӯлоб буда, бештар бо сурудҳои шӯх ва тӯёна шуҳрат дорад. Ӯ беш аз 20 сол боз дар саҳнаи эстрадаи тоҷик буда, ҳамеша бо шӯхӣ мегуяд, ки то шими ҷинс аз мӯд наравад, ман ҳам аз модда намебароям".