ЮНИСЕФ беморхонаҳои Тоҷикистонро бо стансияҳои тавлиди оксиген таъмин намуд
43

Аксари беморхонаҳои Тоҷикистон муддати тӯлонӣ бо мушкилоти норасоии таъминоти мунтазами оксигени тиббӣ рӯ ба рӯ буданд. Албатта ин вазъ ба саломатии кӯдакони навзоди мушкили нафаскашӣ дошта, беморони гирифтори пневмония, занони ҳангоми таваллуд вазъи саломатиашон бадгашта ва дигар беморони ҳолаташон вазнин таъсири манфӣ мерасонд. Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид - ЮНИСЕФ ба хотири ҳалли ин масъалаи муҳим дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон як қатор муассисаҳои тиббии кишварро бо стансияҳои кислород таъмин намудааст.

Тавре Сайдалӣ Қодиров, корманди бахши тандурустӣ ва ғизои ЮНИСЕФ зимни суҳбат бо мо гуфт:

- Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ насби 18 адад дастгоҳҳои тавлидкунандаи кислородро дар беморхонаҳои Данғара, Фархор, Ёвон, Турсунзода ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба анҷом расонид. Кормандони ин беморхонаҳо ба давраҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуда, тарзи дурусти истифода ва нигоҳубини таҷҳизоти мазкурро омӯхтанд ва имрӯз маризон бо кислород-оксигени тиббӣ ба пуррагӣ таъмин мебошанд.

Кадом беморхонаҳо соҳиби стансияи тавлиди кислород гаштанд?

Васли стансияҳои кислород дар Тоҷикистон дар доираи барномаи «Суръатбахшии дастрасӣ ба воситаҳои мубориза бо КОВИД-19: Фонди маблағгузории занҷираи таъминот» сурат гирифта, дар маҷмуъ 18 беморхона, аз ҷумла Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии Қарияи Болои шаҳри Душанбе, беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ёвон, Данғара ва Фархори вилояти Хатлон, беморхонаи №2-и шаҳри Турсунзода ва боз чандин беморхонаҳои дигар бо таҷҳизоти зарурии истеҳсол ва нигоҳдории оксигени тиббӣ пурра таъмин карда шудаанд. Тамоми дастгоҳҳо кафолати дусола доранд, ки нигоҳубини техникӣ ва таъмири онро дар бар мегирад.

Боздид аз Турсунзода

Зимни сафар ба шаҳри Турсунзода мо аз Беморхонаи №2-и ин шаҳр, ки стансияи кислород дар он васл карда шудааст, боздид намудем. Табибони бемористон бо хушнудӣ изҳор доштанд, ки бо шарофати васли таҷҳизоти мазкур маризон ба оксигени тиббӣ ҳамеша дастрасӣ доранд ва сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ низ баланд гаштааст.

Саида Шарифзода, сардухтури беморхонаи №2-и шаҳри Турсунзода мегӯяд:

- Кислороди тиббӣ барои бемороне, ки ниёз ба оксиген доранд, бениҳоят муҳим аст, вале солҳои пеш мо аз ин ҷиҳат хеле танқисӣ мекашидем. Азбаски дар худи беморхона кислород набуд, онро аз беморхонаи марказӣ мегирифтем. Хушбахтона, бо кумаки Вазорати тандурустӣ ва дастгирии ЮНИСЕФ дар беморхонаи мо стансияи истеҳсоли кислород насб карда шуд. Акнун натанҳо сокинони шаҳри Турсунзода, балки дигар маризоне, ки дар беморхонаи мо бистарӣ мешаванд, дар ҳолатҳои зарурӣ сари вақт бо оксиген пайваст шуда, кори мо табибон низ хеле осонтар гаштааст.

Аз Душанбе то навоҳии дурдаст

Қобили зикр аст, ки ЮНИСЕФ дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо натанҳо беморхонаҳои марказӣ, балки беморхонаҳои навоҳии дурдасти кишварро низ бо дастгоҳҳои оксиген таъмин намудааст. Аз ҷумла, Беморхонаи ҷумҳуриявии касалиҳои сил дар шаҳри Ваҳдат, Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон, беморхонаи Сарводаи ноҳияи Айнӣ, беморхонаҳои ноҳияҳои кӯҳистонии Сангвор, Мурғоб ва Лахш қисман бо таҷҳизоти системаи оксиген таъмин карда шудаанд. Насби ин дастгоҳҳо дастрасиро ба оксигени тиббӣ дар шароити душвори кӯҳистон таъмин намуда, фаъолияти табибонро осонтар месозад ва сифати хизматрасонии тиббиро ба таври назаррас баланд мебардорад.

Насби стансияи кислород дар Ёвон

Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон низ стансияи тавлиди кислород ва дастгоҳҳои махсуси таъмини маризон бо оксигени тиббӣ дар таваллудхона, шуъбаи эҳёгарӣ, бахши ҷарроҳӣ, шуъбаи қабул, мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва дигар бахшҳо васл карда шудаанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ маризони ба кислород ниёздошта сари вақт бо ин дастгоҳҳо пайваст карда мешаванд. Тавре табибони беморхонаи мазкур мегӯянд, бо шарофати дастрасӣ ба кислород раванди наҷоти маризон хеле осонтар гаштааст.

Бурҳониддин Халилов, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон зимни суҳбат бо мо гуфт:

- Мушкили асосие, ки дар самти тандурустӣ дар ноҳия вуҷуд дошт, норасоии оксигени тиббӣ, яъне кислород буд. Барои ба маризон нафаси сунъӣ додан мо баллонҳои кислородро аз дигар ҷойҳо дастрас мекардем. Хушбахтона, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хазинаи кӯдакони СММ - ЮНИСЕФ стансияи тавлиди кислород дар беморхона васл карда шуд. Хубиаш дар он аст, ки стансияи мазкур бо таҷзиҳоти дизелӣ низ таъмин карда шудааст ва дар ҳолати хомӯш гаштани барқ ба таври автоматӣ ба дастгоҳҳои дизелӣ пайваст шуда, маризон умуман бе кислород намемонанд.

Иқдоми муҳиме, ки ба таҳкими системаи тандурустӣ ёрӣ мерасонад

Таъмини беморхонаҳои Тоҷикистон бо стансияҳо ва дастгоҳҳои замонавии истеҳсол ва нигоҳдории кислород иқдоми муҳим ва саривақтӣ мебошад. Коршиносон бар он назаранд, ки стансияҳои мазкур ба беҳтар гардидани сифати табобат мусоидат намуда, дар ҳифзи саломатии аҳолӣ, бахусус кӯдакон ва гурӯҳҳои осебпазир нақши муҳим хоҳанд гузошт.

Бо кумак расонидан дар насби системаҳои кислород дар беморхонаҳои Тоҷикистон ЮНИСЕФ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар таҳкими системаи тандурустии кишвар ёрӣ расонида, дастрасии саривақтӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ барои тамоми қишрҳои аҳолӣ имконпазир гаштааст.

Ф. САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД