Юлчибой Қодиров солҳост, ки бо карнайнавозӣ машғул буда, тавассути ин ҳунараш ба кишварҳои Осиё ва Аврупо сафар карда, мусиқии тоҷикро муаррифӣ намудааст.
Имрӯзҳо аксари карнайнавозони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар пайравӣ ба мактаби ин марди ҳунар фаъолият мебаранд.
Қушкарнайи Истаравшан
Юлчибой Қодиров ҳанӯз аз ҳафтсолагӣ ба карнайнавозӣ сар кардааст. Нозукиҳои ин ҳунарро ӯ аз тағояш Асадҷон Ҷӯраев, ки аз карнайнавозони машҳури Истаравшан буд, омӯхтааст. Тағояш бовар дошт, ки Юлчибой дар оянда карнайнавози маъруф гашта, санъати асили тоҷикро шӯҳрати ҷаҳонӣ мебахшад, зеро ин бачаи хушзеҳн бо тамоми ҳастӣ нозукиҳои ин ҳунари пурзаҳматро омӯхтан мехост.
"Ба карнайнавозӣ аз хурдӣ шавқи зиёд доштам. Мехостам мисли тағоям Асадҷон санъаткор шавам, чунки он кас бо навои дилангези карнай ба ҳамагон хурсандӣ мебахшиданд ва миёни халқ маҳбубияти хос доштанд. Ҳамин тавр, ман оҳиста-оҳиста ҳунари карнайнавозиро омӯхтам. Мана, қариб 60-сол мешавад, ки ба навохтани карнай машғулам",- мегӯяд қаҳрамони мо Юлчибой Қодиров.
Ин марди ҳунарманд аз соли 1970 сар карда дар фестивал ва чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ширкат меварзад. Қодиров соли 1976 бо болои ҳам чидани 6, 8, 12, 20, 22, 27 карнай дар санъати карнайнавозӣ падидаи наверо ба вуҷуд оварда, ин ҳунарашро "пирамида" ном гузошт.
Бо мурури вақт "пирамида" миёни санъаткорон маъруф гашта дастаҳои карнайнавозӣ аз ин усул васеъ истифода мебурдагӣ шуданд. Халқ ин падидаро хуш пазируфта ба он "қӯшкарнай" ном ниҳод.
Марде, ки Брежневро ба ҳайрат овард
Юлчибой Қодиров ба зудӣ миёни омма шӯҳрат пайдо кард. Ҳамагон мехостанд дар рӯзи тӯю маърака ва хурсандиашон маҳз Юочибой ҳунарнамоӣ кунад. Вақте мефаҳмиданд, ки ба ин ё он маърака Юлчибой Қодиров меояд, мардуми зиёд ҷамъ шуда, аз ҳунару маҳорати баланди навозандагӣ ва оҳангҳои шӯхаш ҳаловат мебурданд. Дертар Юлчибой Қодиров ба хулосае омад, ки бояд ансамбли оилавии худро ташкил диҳад. "Ансамбли оилавии Юлчибой Қодиров" дар Осиёи Миёна ягона дастаи ҳунарие буд, ки аз гурӯҳи карнайнавозон таъсис ёфта буд.
Ансамбли мазкур таҳти роҳбарии Юлчибой дар чорабиниҳои фарҳангии Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок мекард. Соли 1972 қаҳрамони мо ҳамроҳи дастаи ташкил кардааш дар қасри Кремл ҳунарнамоӣ карда, Брежнев дар ҳайрат гузошт.
Ҳунарманд бо ин ҳама иктифо накарда, пайваста дар ҷустуҷӯ буд. Вай мехост чизи наверо вориди олами санъат созад. Ниҳоят бо ҳунари нав- косадаврзанонӣ рӯйи саҳнаҳои бузурги ҷаҳон қадам гузошт.
"Рӯзе хоб дидам, ки дар даст чойнику пиёла ва косаву табақ дораму онҳоро давр мезанонам. Вақте бедор шудам, ҳайрон мондам, ки ин чи хобе буд ва барои санҷиш косаеро гирифта дар нӯги ангуштонам тоб додам, ки коса чарх зад. Фикр карда ба хулосае омадам, ки косаро бояд болои чӯбча давр занонам. Моҳҳо машқ карда, ҳунари навамро сайқал додам. Ҳамин тавр минӣбаъд дар барномаҳо ҳунари навамро нишон медодагӣ шудам ва косаҳоро давр занондани банда аз ҷониби мухлисон хеле хуб қабул шуд", - ба ёд меорад ҳунарманд.
Сайри олам тавассути ҳунар
Қодиров бо шарофати карнайнавозию косадаврзаниаш қариб нисфи оламро сайр кардааст. Туфайли ҳамин ҳунарҳояш ба ӯ муяссар гашт, ки борҳо ба Федератсияи Русия, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Умон, Фаронса, Амрико ва Ӯзбекистону Қазоқистон сафар намуда, ҳунарнамоӣ кунад. Юлчибой дар фестивалу озмунҳои зиёди байналмиллалӣ ширкат варзида, ҳунару маҳорати худро бамаърази тамошои ҳакамони сахтгир пешкаш кардааст. Аз ҷумла соли 2000-ум дар намоишгоҳи ЭКСПО, ки дар шаҳри Ганновери Олмон баргузор шуд, иштирок намуд, дар барномаи телевизионии "Ассалом Ӯзбекистон", Наврӯзи Тошканд ва дар озмуне, ки бахшида ба солгарди ситорашинос Аҳмад – ал – Фарғонӣ (аслаш тоҷик – Идора) дар шаҳри Фарғона баргузор шуд, ҳунарнамоӣ карда, сазовори ҷойи аввал гардид.
Азбаски бо ҳунар сахт алоқаманд буд, ҳатто замони адои хизмати аскарӣ дар қисми ҳарбии артиллерӣ ва алоқаи шаҳри Ленинград роҳбарии оркестри нафасиро ба зимма дошт.
"Маърака ё фестивале дар сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллалӣ набуд, ки дар он иштирок накунам. Қариб дар ҳама чорабиниҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ҳузур доштам, аз ҷумла кушодашавии ағбаи Анзоб, нақби Истиқлол, ба истифода додани қисмати роҳи оҳани Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон, ҷашни бузурги миллии 1100-солагии давлати Сомониён, консерт ба шарафи меҳмонони ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ба кор даровардани агрегати якуми НБО-и Роғун ва ғайра ҳунарнамоӣ кардам", - ба ёд меорад карнайнавози мумтоз.
Юлчибой Қодиров аввалин нафаре аст, ки дар самти карнайнавозӣ соҳиби унвон гардидааст. Вай ҳанӯз соли 2000-ум бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон аз тарафи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ шуда буд. Қодиров ҳамчунин бо нишони "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва даҳҳо сипосномаву ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст. Юлчибой Қодиров хушҳол аз он аст, ки санъати нотакрори карнайнавозии тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намудааст.
Абдуғаффор Шодиев