Ҳафтаи охир номи Юлдуз Усмонова – сарояндаи саршиноси ӯзбек дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор дошт. Бекор шудани консерти ӯ дар шаҳри Ню-Йорк пас аз эътирози гурӯҳе аз яҳудиёни бухороӣ ва изҳороти тунди ӯ алайҳи мухолифонаш барои мухлисони ӯ як воқеаи ғайриинтизор буд. Юлдуз сиёсатмадор нест, вале ин воқеа нишон дод, ки имрӯз ҳатто ҳунар низ аз сиёсат ҷудо нест...
Интизории мухлисон
Қарор буд рӯзи 9-уми май дар театри машҳури “Oceana” дар минтақаи Бруклини Ню-Йорк консерти нави Юлдуз Усмонова баргузор шавад. Барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Амрико ин барнома аҳамияти хос дошт, зеро онҳо умедвор буданд, ки Юлдуз фазое месозад, ки онҳо худро дар Ватан эҳсос кунанд. Бисёре аз мухлисон аз шаҳрҳои гуногун барои дидани сарояндаи дӯстдоштаашон омодагӣ мегирифтанд. Аммо чанд рӯз пеш аз консерт маълум шуд, ки барнома лағв шудааст.
Сабаби аслии лағви консерт маъракаи эътирозии гурӯҳҳое аз яҳудиёни бухороӣ ва ҷонибдорони Исроил буд. Онҳо сарояндаро ба “яҳудиситезӣ” муттаҳам карданд ва аз мақомоти амрикоӣ талаб намуданд, ки раводиди ӯ бекор карда шавад.
Ин баҳс аз куҷо оғоз ёфт?
Ҳанӯз соли 2021, вақте ки дар Исроил ба Навори Ғазза ҳуҷум кард, Юлдуз Усмонова дар саҳифаи иҷтимоии худ амалҳои Исроилро шадидан танқид карда буд. Ӯ Исроилро “ғосиб” номид ва изҳор дошт, ки “Фаластин бояд озод бошад”. Инчунин гуфта буд, ки агар зарур шавад, барои дифои Фаластин омодаи мубориза аст.
Ин изҳорот дар миёни бисёре аз мухлисонаш ҳамчун мавқеи ҷасуронаи инсонӣ қабул гардид, аммо дар айни ҳол хашми гурӯҳҳои ҷонибдори Исроилро ба вуҷуд овард.
Дар рӯзҳои ахир баъзе сиёсатмадорони маҳаллии Амрико низ ба ин баҳс ҳамроҳ шуданд ва аз мақомоти ИМА хостанд, ки вуруди сарояндаро ба кишвар манъ кунанд. Ниҳоят ташкилкунандагони консерт тасмим гирифтанд барномаро бекор намоянд.
Посухи Юлдуз
Пас аз лағви консерт, Юлдуз Усмонова дар “Инстаграм” вокуниши тунде нишон дод. Ӯ гуфт: “Агар шумо фикр кунед, ки ман барои ҷонибдорӣ аз Фаластин узр мепурсам, сахт иштибоҳ мекунед”.
Сароянда таъкид кард, ки зидди хушунат аст ва мавқеи худро инсонӣ медонад. Ӯ гуфт, ки суханонаш зидди яҳудиён набуда, балки зидди куштори одамони бегуноҳ аст.
Юлдуз Усмонова кист?
Барои насли калонсоли Осиёи Марказӣ ин суол қариб маъно надорад, зеро номи ин ситора даҳсолаҳо боз ҳамсафари мардум аст. Ӯро “маликаи эстрадаи ӯзбек” меноманд.
Юлдуз Усмонова 12 декабри соли 1963 дар шаҳри Марғелон ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди шашуми як оилаи серфарзанд буд. Падараш Урайимохун Усмонов ва модараш Раҳимахон Акбарова ҳарду дар комбинати абрешими Марғелон кор мекарданд.
Оилаи онҳо сарватманд набуд, аммо сахтӣ ҳам намекашиданд, зеро аҳли хонавода меҳнатдӯсту заҳматкаш буданд. Падараш на танҳо коргари завод, балки устои моҳири чӯбкорӣ низ буд. Ӯ шабҳо дар хона тахтҳои чӯбин месохт ва мефурӯхт.
Худи Юлдуз борҳо дар мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки маҳз аз падараш меҳнатдӯстӣ ва сабру тақат дар баробари ҳаводиси рӯзгорро омӯхтааст.
Меҳри мусиқӣ
Кӯдакии Юлдуз Усмонова дар муҳити оддӣ, вале гарми оилавӣ сипарӣ шудааст. Ӯ аз хурдӣ ба мусиқӣ шавқ дошт. Овози зебо ва қобилияти табиии ӯро атрофиён зуд пай бурданд.
Дар яке аз чорабиниҳо истеъдоди духтари ҷавонро ҳунарманди маъруф Гавҳар Раҳимова - хоҳари Тамарахонум мушоҳида мекунад ва ӯро ба Тошканд мебарад, то ба таври касбӣ таҳсил кунад.
Ин рӯйдод сарнавишти Юлдузро тағйир дод. Баъдтар ӯ ба Консерваторияи давлатии Тошканд дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намуд.
Оғози шуҳрат
Дар охири солҳои 80-ум Юлдуз Усмонова аллакай дар Ӯзбекистон машҳур шуда буд. Албоми нахустини ӯ “Майда” зуд миёни мардум маҳбуб гардид. Соли 1990 вай дар озмуни байналмилалии “Овози Осиё” дар Алмаато ҷойи дуюмро гирифт. Ин пирӯзӣ дарҳои саҳнаҳои байналмилалиро ба рӯяш боз кард.
Баъд аз он таронаҳои ӯ дар Аврупо низ шуҳрат ёфтанд. Сурудҳои ӯ
“Ҷонона”, “Бунафша”, “Дунё”, “I Wish You Were Here” дар кишварҳои гуногун шунаванда пайдо карданд.
Ӯ дар фестивалҳои машҳури ҷаҳонӣ, аз ҷумла WOMAD ва Roskilde иштирок кард. Ҳатто дар яке аз консертҳои ӯ дар Ҳолланд малика Беатрис ҳузур дошт. Дар ҳамон солҳо дар Тоҷикистон низ Юлдузро шинохтанд ва дӯст доштанд. Дар интернет сабте ҳаст, ки соли 1988 ӯ дар ноҳияи Ёвон дар тӯй суруди “Шаббахайр”-ро бо забони тоҷикӣ мехонад.
Маҳбубият дар Тоҷикистон
Яке аз сабабҳои шуҳрати Юлдуз Усмонова гуногунзабонӣ ва гуногунфарҳангии таронаҳояш аст. Ӯ бо забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, уйғурӣ, қазоқӣ, русӣ, туркӣ ва чандин забони дигар суруд хондааст.
Маҳз ҳамин хусусият ӯро ба сарояндаи фаромиллӣ табдил дод. Ӯ тавонист фарҳанги Осиёи Марказиро ба саҳнаҳои ҷаҳон барад.
Ба забони тоҷикӣ ҳам Юлдуз Усмонова сурудҳои зиёде иҷро кардааст. Солҳои охир бархе сурудҳои тоҷикии ӯ баҳсбарангез шуданд. Вале бо вуҷуди ин Юлдузро ҳамагон дӯст медоранд. Дар консерти ахираш дар Амфитеатри Душанбе занони тоҷикистонӣ ҳатто ангуштар ва дигар ҷавоҳироташонро ба Юлдуз ҳадя мекарданд.
Юлдуз Усмонова соли 2024 унвони “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон”-ро сазовор гардид.
Юлдуз, яъне ситора
Калимаи “юлдуз” ба тоҷикӣ ситора тарҷума мешавад. Воқеан, Юлдуз ситораест, ки дар таърихи мусиқии муосири Ӯзбекистон кам касоне ҳастанд, ки мисли ӯ дурахшида бошанд.
Ҳамчунин, ӯ яке аз шахсиятҳои таъсиргузори мусиқии муосири ӯзбек аст. Ӯ эстрадаи ӯзбекро аз шакли маҳдуди дохилӣ берун овард ва ба бозори байналмилалӣ бурд. Пеш аз ӯ бисёр сарояндагони ӯзбек асосан дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ маъруф буданд. Аммо Юлдуз аввалин ситорае гардид, ки тавонист дар Аврупо, Туркия ва Амрико низ шунаванда пайдо кунад.
СИПЕҲР