arzon replenishment
Ярмаркаҳо идома доранд
483

Дар остонаи таҷлили Иди Қурбон дар як қатор шаҳрҳои вилояти Суғд ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешаванд. Дар ин бора Маъруф Шарифиён, сардори Раёсати кишоварзии вилоят хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ба ифтихори таҷлили ин ид ҳар ҳафта ба таври васеъ ярмаркаҳо ташкил карда мешаванд. Чорабиниҳо дар шаҳрҳои бузурги Суғд: Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон баргузор мешаванд.

Ба ин тартиб, дар дуввумин шаҳри сераҳолии Тоҷикистон пас аз Душанбе, ярмарка дар назди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ҷойгир хоҳад шуд. Дар маркази маъмурии ноҳияи Мастчоҳ — дар кӯчаи асосии назди бозори "Помир" ва дар шаҳре, ки нерӯгоҳи "Қайроққум" ҷойгир аст — дар кӯчаи Дружба Народов дар шафати чойхонаи “Онаҷон” ярмаркаҳо баргузор хоҳанд шуд.

Пештар хабар додем, ки дар шаҳри Душанбе дар остонаи Иди Қурбон ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешаванд. Ярмаркаҳо дар чор навоҳии пойтахт баргузор мегарданд, аз ҷумла бозори "Меҳргон", назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, бозори "Деҳқон" ва майдони Қараболою бозори "Саховат". Ярмаркаи маҳсулоти нисбатан арзон як ҳафт аз 21 то 27 июн давом мекунад.

Ёдрас мешавем, ки имсол дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бо қарори Шӯрои уламо имсол 28 июн таҷлил мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД