Мавлуда Солиева, сокини ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, бо маоши ночизе, ки аз роҳрӯбӣ ба даст меоард, се фарзанду келини маъюбро нигоҳубин мекунад.
Нилуфар Солилеваи 23 сола0 маъюб асту ба ҷои он ки модарашро нигоҳубин намоянд, модараш ӯро парасторӣ мекунад, зеро ӯ аз бемории эпилепсия ранҷ мекашад. Бар замми ин ӯ ноқисулақл буда, бемории рӯҳи низ думболагираш шудааст ва маҳз ин беморӣ макони ӯро беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ гардонидааст.
Азияту ранҷи модари дар чаҳорчубаит тақдир ҳайронмонда, ӯро хеле бармаҳал пир карда бошад ҳам, вале ба хотири фарзандонаш худро бардам нишон медиҳад, то ки онҳо руҳафтода нашаванд. Ӯ мегӯяд, ки ҳар модару падарро худо лоиқи фарзандони солиму солеҳ гардонад. Аммо аз тақдир ҷои гурез нест. Шавҳарам мардикорӣ мекунаду ман кучарӯбӣ. Ҳамагӣ 400 сомонӣ маош дорам ва роҳкирою дигар сарфу харҷи зиндагиям ҳам аз ҳасоби ҳамин маоши ночиз аст. Ду сол пеш ду фарзанди маъюб доштам, аммо баъди келин кардан ба писари беморам ду беморам сето шуд. Байни ин се бемору маъюб духтарам Нилуфар зиёдтар маро азоб медиҳад. Дар як ҳафта вақтҳои охир 4-5 маротиба бемору беҳуш шуда ба замин меафтад. Ё аз шиддати дарди сар шабу нимашаб доду фарёд карда на танҳо мо аҳли оила ва хусури хушмани пирам, балки ҳаққу ҳамсояҳоро ҳам намегузорад, ки роҳат хобанд. Аввалҳо дар як ҳафта як бор бемориаш хуруҷ мекарду меафтид, соли сеюм аст, ки дар як ҳафта то шаш бор бемор мешудагӣ шуд.
Соҳиби мағозаҳо қарзамро менавиштанду...
Духтарам аввалҳо зиёдтар аз дарди сар шикоят мекард ва ба гумони худаш куча баромадан шифои ӯ буд. Ақлаш ки мегирифт ба мағозаҳои гирду атроф даромада дилхоҳ чизро мегирифт ва соҳибкорон ҳам ҳолати маро медонистанд дар дафтари қарзҳо навишта мемонданд. Аксар вақт барои ин амалаш шавҳараш бо ман ҷангу ҷидол мекунад, ки ӯро эрка накун, ҳамаи гуфташро иҷро накун. Охир духтаре ки чи гуфтану чи карданашро намедонад чи гӯям, чи кор кунам? Агар ягон чизи қиммати дар дасташ бударо гирӣ тамоми ҳамсояҳоро ба пой мехозонад. Хулоса ҳам аз ҷиҳати равонӣ ва ҳам моддӣ ҳолатам бисёр танг аст. Ҳамин маротиба, оғози моҳи сентябр духтарам пеш аз девонахона рафтан ҷойнамозро партофту ба намозхонӣ сар кард. Аслан ягон сураро намедонад, танҳо “Бисмиллоҳ” ва “Ё-Оллоҳ”-ро медонад тамом. Аммо бо вуҷуди ин дар сари ҷойнамоз нишаста намоз хонд. Чуноне ки мегуянд “Чароғ пеш аз мурданаш равшан месӯзад”. Тарсу ваҳм маро фаро гирифт, ки имрӯз рӯзи охирини умри духтарам-Нилуфар аст.
Вақте аз ҳуш рафт мошини Ёрии таъҷилиро занг задам. Духтурон Нилуфарро аз сари ҷойнамоз гирифта бурданд-афзуд Солиева.
Вақте аз ин модари бечораю овора сабаби маъюбияти фарзандонашро пурсон шудем гуфт:-Писарам (нахост номаш дарҷ шавад) дар вақти таваллуд шуданаш ҷарроҳат бардошта будааст. Баъди дусола шуданаш баъд сахттар таъсир карда, хуруҷи бемориаш зиёд шуд, ҳоло 27 сола аст ва ду сол пеш аз ноилоҷӣ ҳаммисли худаш бемореро келин кардам.
Аммо Нилуфар то дами 3,5 солагӣ сиҳату саломат буд ва роҳравагу гапзанак буд. Вале баъди сеюнимсолагӣ дард пайдо кард. Беҳуш шуда меафтидагӣ шуд. Ягон духтуру табиби нобурдаамон намонд. Гоҳ пул ҷамъ кардаю гоҳ қарз карда дар ба дари беморхонаҳот мебурдем, аммо ба ин дардаш шифо намеёбед. Баъзеҳо малиҳат доданд, ки ба назди табибони халқӣ барам ва муллоҳои бақувват. Ин тавсияҳоро ҳам кардам, аммо табибу мулло ҳама шифои эҳтимолии дарди духтарамро ба духтурон рабт доданд.
Аммо ягон умедам муҷизаи илоҳист, дигар чора ҳам надорам. На духтуру на мулло дарди духтарамро даво бахшида натавонист. Албатта ҳарчӣ аз дасташон омад карданд, вале ин дардро ба қавле “дарди бедаво” мегӯянд.
Фарзона Муродӣ