Дар нашри чоруми барномаи интернетии “Корзина” аз “корзина”-и ровӣ ва блоггери тоҷик Сабринаи Назрӣ гуфта шуд. Дар зер фишурдаи суҳбати мазкурро манзури хонандагони “Оила” мекунем.
- Ман фикр мекунам, ки ҳаёти нафарони шинохтае ба монанди Шумо ба сохтакориву сохтагӯиву сохтагардиҳои зиёд сипарӣ мегардад, Шумо ба фикри ман зид ҳастед?
- Не, ман зид нестам. Аммо медонед барои чӣ? Барои он ки мардум моро ҳамин гуна қабул кардаанд ва агар бо либосҳои одӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шавем, ҳатман, ки борони “коммент”-ҳо ба сарамон мерезад: “Ту безебӣ”, “пир шудаӣ”, “фарбеҳ шудаӣ”...
- Шумо аз сохтагиҳои ҳаётатон хаста нашудед?
- Мешавад баъзан вақт, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ озод мепӯшам ва озод суҳбат мекунам, вале мардум, ҳатман, ки талқини зебопӯшиву расмипӯширо мекунанд ва агар озод суҳбат кунам, ҳатман, ки “адабӣ гап зан” мегӯянд. Аммо дар умум ман метавонам бигӯям, ки аз ин гуна зиндагӣ хаста нашудам, балки одат кардам.
- Шумо дар телевизиони “Сафина” кор мекардед ва вақте ки Зевар Давлатова директор шуданд, бо сабабҳои гуногун қисме аз кормандони телевизиони мазкур ҷойи корашонро иваз карданд, лутфан бигӯед, ки сабаби аз “Сафина” баромаданатон Зевар Давлатова аст ё чизи дигар?
- Замоне, ки Зевар Давлатова директори телевизиони “Сафина” шуд, ман он вақт ҳам дар “Сафина” ва ҳам дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекардам. Дар ҳамон вақт он кас ба ман шарт гузошт, ки ё дар “Сафина” кор кун ва ё дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне дар як ҷо. Ман бошам, аз телевизион рафтам.
- Шояд сабаби аз кор рафтанатон журналисти касбӣ набуданатон бошад, ё бо роҳбари нав кор карда натавонистанатон?
- Не, ин тавр нест. Ману Зевар Давлатова ягон “конфликт” надорем, баръакс вақти дар телевизиони “Сафина” буданам, он кас ба ман маслиҳат доданд, ки барои ман кори дуюмам хуб аст.
- Як ҷиҳати бади мардуми мо ҳамин аст, ки агар як писару як духтар ҳамкорӣ кунанд, дар пушти номашон ҳатман, ки чанд ҷумлаи “хуб” месозанд...
- Мақсадатонро фаҳмидам, мо аллакай одат кардаем...
- Не, мақсади маро нафаҳмидед. Гуфтанӣ ҳастам, ки Шумо бо он ҳама ҷавононе, ки ҳамкорӣ доред, танҳо дар дохили фаҳмиши ҳамкор аст ё муносибате доред?
- Не, ман бо ҳар нафаре, ки ҳамкорӣ мекунам, дӯсту ҳамкор ҳастам ва ба ҷуз муносибати ҳамкорӣ дигар дар миёнамон чизе нест.
- Ман дар Instagram-матон сурати Конор Макгрегорро дидам, Шумо мухлисаш ҳастед ва барои чӣ?
- Бале, ман мухлиси Конор ҳастам ва инро пинҳон намекунам. Медонед, ӯро дар давлати худаш шавҳари содиқ мегӯянд, ӯ нисбати ҳамсараш бисёр меҳрубон аст ва ҳама гуна садоқату рафоқатро ба вай арзонӣ медорад. Мухлисии ман ҳам ба ин варзишгар аз ҳамин ҷост.
- Шумо яке аз фаъоли шабакаи иҷтимоии Instagram маҳсуб мешавед ва дар саҳифаатон 500 000 нафар обуначӣ доред, лутфан бигӯед, ки чаро барои ин миқдор одам ягон контенти алоҳида надоред?
- Дар нақша дорам ва ҳатман мекунам. Аммо агар Шумо дар марвиди ҷолиб набудани саҳифаам гуфтанӣ бошед, бовар кунед, ман барои обуначиҳои саҳифаам ҳаётамро, ҳама он корҳое ҳамарӯза анҷом медиҳам, ба намоиш мегузорам.
- Як нафар барои чӣ бояд обуначии саҳифаи Шумо бошад?
- Барои навигариҳои ҳаёти Сабринаи Назриро донистану пайгирӣ кардан.
- Фикри дар Ютуб кор карданро надоред?
- Дорам, насиб ягон барномаи хуб таҳия карда, барои аудиторияи ин шабакаи иҷтимоӣ пешниҳод мекунам.
- Аз Шумо бар ивази пул ё иҷрои коре ягон чиз хостаанд?
- Не ҳеҷ чиз нахостаанд.
- Шумо ҳоло дар як роҳе ҳастед, ки то андозае муваффақед, агар нафаре бо ангуштарини арусӣ дар наздатон пайдо шаваду гӯяд, ки Instagram, блоггерӣ, ровигӣ ва аз қафои муд гаштанро партофта, биё зиндагии хоксоронае дошта бошем, ҷавобатон чӣ мешавад?
- Шояд ҳамин ягона сабаби аз шоу-бизнес даст кашидани ман бошад.