25-уми октябри соли 2025, тахминан соати 11:00 дақиқа дар ҳудуди деҳаи Сафедоби ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод аз қаторкӯҳҳои Исмоили Сомонӣ аз як пиряхи бузург як пора канда шуда, тариқи дара поён лағжидаст.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, бино ба гузориши расида, дарозии ин пиряхи кандашуда ҳудудан ду километр буда, баландиаш 25 метр ва паҳнои он 150-200 метр аст.
Ин ҳодиса хушбахтона, талафоти ҷониву хисороти дигар надоштааст. Аммо мутахассисон гуфтаанд, ки бар асари бориши боронҳои шадид ва такроран канда шудани пирях аз баданаи пиряхи бузург метавонад ба хоҷагиҳои деҳаи Гулрези ҷамаоти деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад.