Ба иттилои расонаҳои Русия, як маҳкумшуда дар робита ба ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав дар боздоштгоҳ фавтидааст.
Гуфта мешавад, Ёқубҷон Юсуфзода, шаҳрванди Тоҷикистон, ки чанде пеш ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда буд, рӯзи 6-уми апрел дар ҳуҷраи боздоштгоҳ беҷон пайдо гардидааст.
Хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба Идораи иҷрои ҷазои ҷиноятии Русия менависад, ки нишонаҳо ба худкушӣ ишора мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба толори консертии «Крокус Сити Ҳолл» 22-юми марти соли 2024 рух дода, бар асари тирпарронӣ ва сӯхтор 150 нафар ҳалок шуданд. Дар моҳи марти соли 2026 додгоҳи ҳарбии Русия чанд гумонбарро барои ин ҳодиса ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард.