Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо як гурӯҳ табибони кишвар, ки барои гузаштани такмили ихтисос ва баланд бардоштани савияи дониш дар заминаи бемористонҳои алоқаманди назди Донишгоҳи илмҳои тиббии шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон сафарбар карда мешаванд, вохӯрӣ намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустии кишвар, нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб дар мадди назари роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
- Дар ин замина, номбурда аз табибони ҷавони кишвар даъват ба амал овард, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои дар муассисаҳои тиббию табобатии Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳайёгардида донишу таҷриба ва малакаи касбии хешро баланд бардошта, пас аз баргаштан ба Ватан донишҳои омӯхтаашонро дар амал ҷорӣ намоянд,- меафзояд манбаъ.