Arzon march 2024
Ягона зани пойафзолдӯз дар Бохтар
699

Шамъигул Амруллозода 32-сола аст. Ӯ дар растаи пойафзолдӯзони шаҳри Бохтар ягона зан мебошад, ки ба ин кор машғул аст. Қаҳрамони мо дар Кушониён, ноҳияи наздик ба маркази вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад. Нозукиҳои пойафзолдӯзиро ҳанӯз ҳангоми дар синфи 4-ум хонданаш омӯхтааст, чун ин касбро дӯст медоштааст.

“Ба ин касб хеле шавқ доштам. Азбаски ҳамсояамон ба дӯхтану таъмири пойафзол машғул буд, аз ӯ хоҳиш кардам, ки корашро ба ман омӯзад. Дар аввал розӣ нашуд. Як рӯз пойафзоли худамро барои дӯхтан ба наздаш бурдам. Чанд рӯз барои гирифтанаш рафтам, вале ҳеҷ онро намедӯхт. Вақте сабаб пурсидам, гуфт, ки дирафшаш шикастааст. Ба хона омада, бо мех як дирафш омода кардаму пойафзоли худамро дӯхтам”,- нақл мекунад Шамъигул.

Ҳарчанд қаҳрамони мо ин касбро хеле хуб омӯхта буд, аммо то замони аз шавҳар ҷудо шудан гоҳ-гоҳе пойафзол медӯхт. Асосан рафидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва курпадӯзӣ мекард ва даромади аз ин ҳисоб ба даст овардаашро барои рӯзгор харҷ менамуд.

“Дар аввал мевагӣ мефурӯхтам. Зимистон меваҳоро хунук зад ва ба маблағи 2500 сомонӣ зарар дидам. Он гоҳ дар растаи пойафзолдӯзӣ ба кор даромадам. Аҳли хонавода аз чунин иқдомам розӣ набуданд. Мегуфтанд, ки “дар растаи пойафзолдӯзӣ, ки аксаран мардҳоянд, чӣ кор мекунӣ?” Гуфтам “ҳеҷ гапе не, кор мардонаву занона надорад!”,- мегӯяд Шамъигул.

Нархи дӯхтани як пойафзол 10 сомонӣ аст ва қаҳрамони мо кӯшиш мекунад, ки аз ин ҳисоб худ ва фарзандонашро таъмин созад. Шамъигул Амруллозода се писар дорад, калонӣ 7-сола, фарзанди миёна 5 ва хурдӣ 3 сол доранд. Аз сабаби он, ки баъди аз шавҳар ҷудо шудан барои бо худ бурдани фарзандонаш имконият надошт, танҳо писари калониро ба хонаи падар бурд. Писарони хурдияш ҳамроҳи падар ҳастанд, вале ӯ мехоҳад онҳоро низ ба назди худ биёрад.

“Ҳамкорон ба ман кӯмак мекунанд. Агар ширеш нарасад ё дирафш шиканад, ба онҳо муроҷиат мекунам. Бо нархи 1200 сомонӣ як мошинаи пойафзолдӯзӣ харидам. Хуб кор накард, онро бурда супоридам, ба наздикӣ мошинаи нав мехарам. Ҳозир бо мошинаи ҳамкоронам пойафзол медӯзам”,- мегӯяд ӯ.

Қаҳрамони мо мегӯяд, баъзе аз ҳамкоронаш, ки дар ин шаҳр ба пойафзолдӯзӣ машғуланд, бо шӯхӣ мегӯянд, ки “ту бозори моро мезанӣ. Баъди омадани ту мизоҷони мо кам шуд”.

Дар кишвар сол ба сол шумораи оилаҳои пошхӯрда зиёд мешавад. Қаҳрамони мо бо вуҷуди мушкилиҳои ба сараш омада ҳамеша меҳнат мекунад, мехоҳад барои занҳои дигари ҳамтақдири худ намунаи ибрат бошад.

“Кор бароям душворие надорад. Дар аввали фаъолият хаста мешудам, аммо ҳоло одат кардаам. Ҳамкоронам инсонҳои хубанд, муштариён ягон гапи пасту баланд намезананд, даромад ҳаст. Зиндагӣ ҳамин аст, агар даст ҷунбад, даҳон ҳам меҷунбад”,- чунин аст шиори ин зани қавиирода.

Шамъигул барои ояндаи беҳтар талош мекунад. Ӯ ба ин умеду бовар аст, ки дар касбаш яке аз беҳтаринҳо мешавад. Мушкилоти рӯзгор гарчанде ӯро шикаста бошад ҳам, талоши дубораи Шамъигул монеаҳоро убур менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД