Вориси арзандаи адабу фарҳанг
196

Мирзомурод Ҳошимзода шоир ва рӯзноманигори муваффақест, ки умри пурбаракати хешро баҳри рушди матбуоти маҳаллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа бахшида, бо шеърҳои нобу суханони созанда дар фазои адабии тоҷик мавқеи хос пайдо кардааст.

Мирзомурод Ҳошимзода 10-уми ноябри соли 1946 дар оилаи зиёии шаҳри Истаравшан таваллуд шуда, ба камол расидааст. Баъди хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) фаъолияти меҳнатиашро аз мактаб оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла раиси иттиҳодияи матбааҳо, муовини раиси шаҳри Истаравшан ва сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Истаравшан» ифои вазифа кардааст.

Шоири ширинкалом Мирзомурод Ҳошимзода аз айёми ҷавонӣ ба олами шеър ва каломи бадеъ рӯй оварда, аз худ осори пурарзиш боқӣ гузоштааст. Ашъори ӯ бештар ба мавзуҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ишқу муҳаббат, инсондӯстӣ ва арзишҳои ахлоқӣ бахшида шудаанд. Осори арзишмандаш дорои мазмуну муҳтавои амиқи иҷтимоӣ ва ватандӯстӣ буда, хонандаро ба андеша водор месозад. Маъруфтарин шеъри ӯ “Ушшоқи Истаравшан” аст, ки дар он шоир муҳаббати хешро ба ин шаҳри бостонӣ изҳор доштааст. Имрӯзҳо “Ушшоқи Истаравшан” дар иҷрои ҳофизони мумтози шаҳр маҳбубияти зиёд пайдо кардааст.

Мирзомурод Ҳошимзода муаллифи маҷмуаҳои ашъори “Ҳамроз”, “Ганҷина”, “Ғазалпайванд”, “Ту барои ман ба дунё омадӣ”, “Чархи гардон”, “Ишқи сархӯр”, “Меҳрубонам шав”, “Гирдоби хаёл”, “Худафрӯзӣ”, “Дидаи бедор”, “Сен агар ёнимдасан”, қиссаҳои “Гирдоб”, “Пушаймонӣ”, “Саховат кунед, мардум!”, “Хонадомод”, “Бузургмард”, “Ман ҳам барои Ватан ҷангидаам...”, “Чанори сабз”, “Шаҳиди ғалаба”, “Шогирдонам - дилу ҷонам...” ва ғайра мебошад.

Шеърҳои Мирзомурод Ҳошимзода бо маҳорати баланд аз ҷониби адибони ӯзбекзабони ҷумҳурӣ Ҷ. Пирим, С. Ҳоҷибоев ва А. Бекмуҳаммад ба забони ӯзбекӣ тарҷума шудаанд. Ҳамзамон, худи ӯ низ ашъори шоирони маъруфи ӯзбекро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, дар тавсеаи робитаҳои фарҳангии ду миллат саҳми арзанда гузоштааст.

Мирзомурод Ҳошимзода беш аз бист сол роҳбарии рӯзномаи «Паёми Истаравшан»-ро ба зимма дошт. Замони роҳбарияш нашрия ба минбари муҳими ифодаи андешаи мардум, тарғиби арзишҳои инсониву ахлоқӣ ва густариши фарҳанги миллӣ табдил ёфт. Маводҳои журналистиву публитсистии Мирзомурод Ҳошимзода бо таҳлили амиқ, андешаи созанда ва сабки хос нигошта шуда, пайваста нашр мешуданд.

Дар баробари кори эҷодӣ Мирзомурод Ҳошимзода дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ низ фаъолият намудааст. Аз ҷумла солҳои зиёд муовини раиси шаҳри Истаравшан шуда кор кардааст.

Мирзомурод Ҳошимзода барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи матбуот ва хизматҳои арзанда дар рушди фарҳанг бо нишонҳои “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” ва Ҷоизаи адабии ба номи Зуфархон Ҷавҳарӣ сарфароз гардидааст. Мавсуф ҳамзамон “Шаҳрванди фахрии шаҳри Истаравшан” буда, заҳматҳояш бо мукофотҳои соҳавӣ, ифтихорномаҳо қадршиносӣ шудааст. Мирзомурод Ҳошимзода узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.

Шоири тавоно ва дарёдилу покманиш Мирзомурод Ҳошимзода 25-уми апрели соли 2016 аз олам гузашт. Вале осори рангин ва суханони ҷовидонааш ӯро миёни дӯстдорони адаб ҳамеша зинда нигоҳ медоранд.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД