Дирӯз, 25-уми июли соли равон дар меҳмонхонаи “Хилтон”-и шаҳри Душанбе “Форуми байналмилалии соҳибкорони соҳаи дорусозии Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, масъулини муассисаҳои истеҳсолии ватанӣ дар соҳаи фармасевтӣ, намояндагони сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ, олимону коршиносони соҳавӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Шодихон Ҷамшед ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам гуфта, қайд кардааст, ки баргузории Форуми мазкур боз ба як самти афзалиятноки соҳа, яъне ҳамкорӣ дар самти фармасевтӣ, таъмини бехатарӣ ва сифати доруворӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, тавре зикр гардидааст, бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи дорусозӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар “Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул гардида, воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ, таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд.
- Дар доираи татбиқи барномаи мазкур айни замон дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 64 корхонаҳои ватании истеҳсолӣ 592 намуд доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки дар умум 346 номгӯйро ташкил медиҳад, ба роҳ монда шудааст,- меафзояд манбаъ.
Гуфта шудааст, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 582 номгӯи доруворӣ расман ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби зиёда аз 65 ширкатҳои фармасевтии Ҷумҳурии Ҳиндустон истеҳсол мешаванд.
Дар идомаи Форум баҳри бунёди корхонаҳои истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, аз он ҷумла коркард ва басту банди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузорони Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳавасмандӣ зоҳир карда шудааст.