Валиҷон Азизов ва Садриддини Наҷмиддин, ду ситораи тобноки шоу-бизнеси тоҷик, дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон вохӯрдаанд.
Валиҷон акси худу Садриддинро дар саҳифаи Инстаграмаш нашр карда, вохӯриашонро “деринтизор” гуфтааст. “Вохӯрии деринтизор бо Садриддини Наҷмиддин. Хеле шод шудам”,-навиштааст Валиҷон дар Инстаграм.
“Шукри Худо, ки ба дидори бародари азизам расидам. Аллоҳ нигаҳбонат бошад, дӯст ва бародарам”,-ҷавоб гардонидааст Садриддин дар зери акс. Вохӯрии ду ситораи тобнок дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифтааст. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки онҳо барои иштирок дар як тӯй даъват шуда буданд. Садриддин инак, 4 сол мешавад, ки тарки Тоҷикистон кардаву ҳамроҳи оилааш дар шаҳри Торонтои Канада кору зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳафтаи гузашта аз нашри албоми ҷадидаш хабар дода буд. Валиҷон низ айни замон дар Русия қарор дорад.
Мақсади сафараш маълум нест. Сафар ба Ӯзбекистону Русия нахустин сафари Валиҷон баъди даргузашти падараш мебошад. Ёдовар мешавем, ки санаи 20-уми июли соли равон Абдуҳафиз Азизов, падари 75-солаи овозхон бар асари бемории қалб аз олам чашм пӯшида буд.