Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи накшаҳои муштараки Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» бо Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони хадамоти мазкур вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим вохӯрӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» оид ба солим нигоҳ доштани худ, пешгирӣ аз бемориҳои фарбеҳӣ, диабети қанд, дилу рагҳо, ВНМО, сил, риоя кардани реҷаи хоб, ғизои солим ва ғайра маълумотҳои муфид пешниҳод карда шуд.
- Ҳамзамон, аз тарафи мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим вобаста ба манфиати варзиш ба саломатии инсон, машғул шудан ба обутоби бадан, пиёдагардӣ дар ҳавои тоза, аз ҷумла дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар паҳлуҳо баҳри таъмини ҳифзи саломатии инсон низ тавсияҳои лозима ироа гардид,- меафзояд манбаъ.