Sebiston new 2024 october
ВНМО ҳукми марг нест, агар табобатро сари вақт сар кунед
791


Мувофиқи гузориши ЮНЭЙДС дар бораи вазъи БПНМ дар сайёра, дар соли 2022 дар ҷаҳон 1,3 миллион ҳолатҳои нави гирифторӣ ба вируси норасоии масъунияти одам ба қайд гирифта шудааст.

БПНМ дар ҳар як дақиқа ҷони 1 инсонро дар сайёраи Замин мерабояд, вале... Имрӯз илми тиб хеле пеш рафтааст ва шахсоне, ки сари вақт ба табибон муроҷиат намуда, табобати зиддиретровирусӣ мегиранд, метавонанд ин вирусро мағлуб намуда, ҳаёти худ ва атрофиёнашонро наҷот бубахшанд ва зиндагии солим ба сар баранд. Яке аз шахсоне, ки дар мубориза бо вируси норасоии масъунияти одам-ВНМО ғалаба ба даст овардааст, қаҳрамони мо Саида мебошад.

Шавҳарам аз муҳоҷират СПИД оварду...

 

Саида (ном иваз шудааст) беш аз 12 сол аст, ки бо вируси норасоии масъунияти одам-ВНМО зиндагӣ мекунад. Ин ҷавонзани кушодачеҳра ва меҳрубон зоҳиран хеле ором менамояд, вале санҷишҳои сахтеро дар зиндагӣ аз сар гузаронидааст. Саида модари 4 фарзанд мебошад ва гузаштаи талхашро ба ёд оварда, чунин қисса мекунад:
“Шавҳарам муддати 18 сол муҳоҷири меҳнатӣ буд. Ба хотири пеш бурдани зиндагӣ ба Русия рафта, дар ду-се сол як маротиба меомад. Соли 2011 аз Русия бемор баргашт. Ҳолаш рӯз то рӯз бадтар шуда, билохира нури чашмашро низ аз даст дод ва тамоман нобино гашт.

Бародаронаш ӯро дар беморхона бистарӣ намуданду ду-се рӯз пас ҳамаи кӯдаконамро барои ташхис ба маркази тиббӣ бурданд. Пас аз фарзандонам маро низ ташхис карданд. Натиҷаи ташхис мусбат баромад ва ман дар ҳамон ҷо фаҳмидам, ки шавҳарам дар Русия аз ВИЧ-СПИД сироят ёфта, бемориаш аллакай ба ман ҳам гузаштааст. Бо шунидани ин ҳақиқати талх якбора дунё дар назарам ба мисли шаби сиёҳ тираву тор гашт. Зор-зор гиря мекардам ва дод мегуфтам, ки акнун ман чӣ тавр ба рӯйи одамон нигоҳ мекунам?! Азбаски бемории шавҳарам аллакай кӯҳна шуда, ба СПИД мубтало гашта буд, табибон натавонистанд ҷони ӯро аз панҷаи марг наҷот бахшанд ва пас аз якуним моҳ падари фарзандонам аз олам гузашт.Шавҳарам мурду рӯзи сиёҳи ман сиёҳтар шуд. Хушдоманам ба ман рӯйи хуш намедод. Нони пухтаамро намехӯрд, намегузошт, ки ба чизе даст занам ё бо аҳли оила сари як дастархон нишаста, хӯрок хӯрам. Муддати 9 моҳ дар хонаи худам гӯё зиндонӣ будам. “Касалиат мегузарад, ҳамаро СПИД мекунӣ” гуфта, иҷозат намедоданд, ки кӯдаконамро ба оғӯш гирам. Чанд бор аз азоби рӯҳӣ хостам даст ба худкушӣ бизанам, вале хотири фарзандонам худдорӣ кардам. ”-бо дард қисса мекунад Саида.

Аммо табибони Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза зидди ВНМО мисли садҳо мубталоёни дигари ВНМО ин ҷавонзанро низ танҳо нагузоштанд. Онҳо ба Саида фаҳмонданд, ки вируси норасоии масъунияти одам бо бӯса кардан, ба оғӯш гирифтан, сари як дастурхон нишаста хӯрок хӯрдан, дар як хона зиндагӣ кардан намегузарад. Ин беморӣ танҳо бо се роҳ-ба воситаи хун, алоқаи ҷинсӣ ва аз модар ба фарзанд дар давраи ҳомиладорӣ, таваллуд ё тавассути ширмаконӣ гузашта метавонад.

Ҳамин тавр, бо маслиҳати табибон Саида табобатро сар кард. Сарбории вирусӣ бо таъсири доруҳои зиддиретровирусӣ паст шуда, Саида ба ҳаёти муқаррарӣ баргашт. Акнун худи Саида гирифторони ВНМО-ро дастгирӣ карда, бо маслиҳатҳои судмандаш барои қабул карда тавонистани бемории худ ва мубориза бар зидди ин вирус кӯмак мерасонад.

Дар Тоҷикистон 15000 гирифторони
ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, вале...

Саида ягона шахсе нест, ки бо ёрии табобати зиддиретровирусӣ ин вирусро пахш карда тавонистааст. Тавре ки ҷонишини директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО Алиҷон Солиев дар як нишаст бахшида ба мавзӯи вазъи мубориза бар зидди ВНМО гуфта буд:

“Аз соли 1991 то 2023 (шашмоҳаи аввал) дар Тоҷикистон 15616 нафар гирифторони вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 9944 нафарашон мардон ва 5672 нафар занон мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи мубориза ба муқобили ВНМО диққати ҷиддӣ медиҳад. Тайи 5 соли охир хароҷотҳо аз буҷаи давлат барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/ БПНМ се баробар афзудааст. Имрӯз дар байни мамолики Аврупои Шарқӣ ва давлатҳои Осиёи Миёна Тоҷикистон ягона ҷумҳурие мебошад, ки ба натиҷаи баланди 72-88-87 расидааст ва талош баҳри расидан ба ҳадафи ниҳоии 95-95-95 идома дорад".

Табибон чӣ мегӯянд?

Тавре ки Умед Талбов, мудири шӯъбаи диспансерии муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам” зимни сӯҳбат бо мо гуфт:

-ВНМО-ин бемории норасоии масъунияти одам буда, дар сар то сари ҷаҳон паҳн шудааст. Барангезандаи асосии ин беморӣ-вирусии ВНМО аз оилаи ретровирусҳои (Retroviridae) насли лентивирус мебошад. Бемории мазкур бо 3 роҳ аз шахси мариз ба одамони солим сироят карда метавонад: Якум бо воситаи хун. Дуюм тавассути алоқаи ҷинсӣ бо шахсони тасодуфӣ. Сеюм аз модар ба кӯдак дар давраи ҳомиладорӣ, ҳангоми таваллуд ё бо воситаи ширмаконӣ. Вақте вирус ба ҷисми инсон ворид шуд, ба харобкорӣ сар мекунад ва системаи муҳофизатии организм, яъне иммунитетро оҳиста-оҳиста заиф месозад. Шахсоне, ки аз ин вирус сироят ёфтаанд ва ВНМО доранд, бояд ҳарчӣ зудтар ба табибон муроҷиат намуда, табобати зидди ретровирусӣ бигиранд, дар акси ҳол системаи муҳофизатии организм заиф гашта, мариз ба марҳилаи охирини беморӣ- БПНМ ё худ СПИД мерасад. Вақте иммунитет заиф мешавад, сил, омосҳои саратонӣ, бемориҳои замбуруғӣ ва дигар касалиҳои вазнин авҷ мегиранд. Ин ҳолат оқибатҳои ногуворро ба бор оварда, маризро то марг бурда расонида метавонад.

Аз 15616 нафар гирифторони ВНМО дар Тоҷикистон ҳудуди 4300 нафарашон фавтида, айни замон беш аз 11500 нафар бо ин вирус зиндагӣ карда истодаанд. Аз ҳамин хотир, афроде, ки аз ВНМО сироят ёфтаанд, бояд нисбати саломатии худ ва атрофиёнашон бепарвоӣ накарда, ҳарчӣ зудтар ба марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО муроҷиат намоянд. Ташхису табобати тамоми шахсоне, ки аз вируси норасоии масунияти одам-ВНМО сироят ёфтаанд, комилан махфӣ ва ройгон аст.

ВНМО дар байни муҳоҷирон авҷ мегирад

Сироятёбӣ аз ВНМО солҳои охир махсусан дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ афзоиш ёфтааст. Сабабҳои асосиаш маълумоти кофӣ надоштани ҷавонон дар бораи роҳҳои сирояти ВНМО ва алоқаҳои ҷинсии хавфнок мебошад, бинобар ин, ҳар як шахс бояд кӯшиш кунад, ки дар бораи ин беморӣ маълумот гирифта, худ ва атрофиёнашро аз таъсири ВНМО эмин дорад.

Барои пешгирии ВНМО чӣ бояд кард?

Барои пешгирии беморӣ ба қоидаҳои зерин риоя намудан лозим аст:
1. Дар ёд дошта бошед, ки ВНМО пеш аз ҳама бо воситаи хуни шахси сироятёфта ба одами солим сироят карда метавонад. Ҳангоми ҷарроҳӣ, хунгузаронӣ, гузаронидани қатрадорую сӯзандору, муроҷиат намудан ба духтури дандон, табиби занона ва дигар амалиётҳое, ки тамоси хунӣ имкон дорад, талаб намоед, ки аз асбобҳои тамизшуда истифода баранд ё асбобҳои тиббии яккаратаро истифода баред. Ҳангоми рафтан ба марказҳои зебоӣ эҳтиёт бошед, зеро сартарошхона ва кошонаи ҳусн низ манбаи сироятёбӣ гашта метавонанд.
2. Роҳи дуюми сироятёбӣ аз ВНМО ин алоқаи ҷинсӣ мебошад. Солим мондан хоҳед, аз алоқаҳои ҷинсии бетартибона бо шахсони тасодуфӣ худдорӣ намоед ё аз рифола истифода баред. Махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ бояд эҳтиёткор бошанд, зеро хатари сироятёбӣ аз ВНМО дар байни ин қишри аҳолӣ бо сабаби алоқаҳои зиёди ҷинсии бетартибона ё тасодуфӣ ҳангоми дар муҳоҷират будан зиёд аст. Шахсони ҳамҷинсгаро низ дар гурӯҳи хатар қарор доранд, зеро хатари гузаштани вируси норасоии масунияти одам бо роҳи алоқаи ҷинсӣ аз мард ба мард хеле баланд аст.

3. ВНМО аз модар ба кӯдак дар давраи ҳомиладорию таваллуд ва бо воситаи ширмаконӣ низ гузашта метавонад. Заноне, ки гирифтори вируси норасоии масъунияти одам мебошанд, бояд аз рӯзҳои аввали ҳомиладориашон дар зери назорати табибон бошанд ва табобати зиддиретровирусӣ бигиранд, то тавонанд фарзанди солим ба дунё биёранд. ВНМО дошта бошед, ба ҳеҷ ваҷҳ ба тифли навзодатон шири худро надиҳед. Ба кӯдаконе, ки аз модари гирифтори ВНМО ба дунё омадаанд, то якунимсолагӣ дар марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО шири сунъӣ ба таври ройгон дода мешавад.

Таъна назанед, доғгузорӣ накунед!

Муносибати бади аҳли оила ва атрофиёнаш шахси ба ВНМО гирифторро то ба худкушӣ бурда расонда метавонад, бинобар ин, эҳтиёткор бошед. Сухани ноҷо назанед,таъна накунед, худро дур накашед. Вируси норасоии масунияти одам аз зиндагӣ кардан дар як хона бо шахси бемор, сари як дастархон нишастан, аз як пиёла чой нӯшидан, истифодаи собун, сачоқ, либос ё ҳаммоми умумӣ, бӯса кардан, ба оғӯш гирифтан намегузарад. Шахсе, ки ВНМО дорад, вале пайваста табобати зидди ретровирусӣ мегирад, сарбории вирус дар ӯ ба дараҷае паст мешавад, ки дигар на ба худи ӯ ва на ба атрофиёнаш зиён расонида наметавонад, бинобар ин, бо чунин одамон меҳрубон бошед.

Ташхис ва табобати ВНМО ройгон аст!

ВНМО–ҳукми марг нест, ба шарте, ки ташхис ва табобатро сари вақт оғоз намоед. Айни замон дар шаҳри Душанбе 70 нуқтаи ташхиси ВНМО, дар Хатлон 117, дар Вилояти Суғд 135, дар ноҳияҳои тобеи марказ 96, дар Бадахшон 29 ва дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 448 нуқтаи ташхиси ВНМО мавҷуд буда, дар ин нуқтаҳо ба таври махфӣ аз ташхис гузаштан мумкин аст. Доруҳои зиддиретровирусӣ ба тамоми шахсоне, ки аз ВНМО сироят ёфтаанд, ба таври ройгон дода мешавад. Мувофиқи хоҳишатон тести ВНМО-ро ба шумо бо роҳи пинҳонӣ тавассути сомонаи hivtest. tj дастрас карда метавонанд.

Аз ташхису табобати ройгон истифода бурда, ҷони худ, аҳли оила ва атрофиёнатонро наҷот диҳед!
Ф. Саттор

Лоиҳа аз ҷониби Маркази БПНМ-и шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо дастгирии ICAP ва маблағгузории CDC (Марказҳои назорат ва пешгирии ИМА) ПЕПФАР амалӣ мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД