Вазорати тандурустӣ: овозаҳо дар бораи табибоне, ки бемории хавфнокро паҳн мекунанд, дурӯғанд
77

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овозаҳо дар бораи табибоне, ки бемории сироятиро паҳн мекунанд, вокуниш намудааст.

Чанд рӯз боз дар “Вотсап” сабти овозии зани шахсияташ номаълуме давр мезанад, ки мардумро аз фаъолияти як гурӯҳ, ки худро табиб вонамуд карда, бо баҳонаи санҷидани вазъи саломатии мардум хона ба хона гашта, бемории хавфнокеро паҳн мекунанд, огоҳ месозад, вале Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ин овозаҳоро беасос ва бардурӯғ хондааст.

“Зан иддао мекунад, ки гуё дар Тоҷикистон як гурӯҳ худро табиб гуфта, бо либосу лавозимоти тиббӣ ва бо баҳонаҳои санҷидани вазъи саломатии шаҳрвандон хона ба хона гашта, бо ин роҳ кадом бемории сироятиро паҳн мекардаанд. Дар идомаи сабти овозӣ зан иброз медорад, ки гӯё дар вилоятҳои мамлакат ҳолати изтирорӣ эълон гардидааст. Ин овозаҳо дурӯғ буда, дар кишвар ҳеҷ гурӯҳи номаълуми табибон фаъолият намекунад",- навиштааст манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД