arzon replenishment
Вазорати тандурустӣ: Хабари паҳн шудани Covid-Omicron XBB дар Тоҷикистон дурӯғ аст
844


Дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн гашта буд, ки гӯё дар Тоҷикистон навъи нави коронавирус COVID-Omicron XBB бо суръат паҳн шуда истодааст.

Дар хабар гуфта мешуд, ки ин беморӣ нисбат ба навъҳои дигари коронавирус хавфноктар ва марговар буда, муайян кардани он бо воситаи тестҳое, ки барои ташхиси ковид истифода мешаванд, осон нест. Таъкид шуда буд, ки беморӣ бидуни сулфа ва табларза ҷараён гирифта, бо дарди шадиди буғумҳо, сар ва тахтапушт аз худ дарак медиҳад ва ба зудӣ ба шушҳо таъсир расонида, касро ба пневмонияи вирусӣ ва норасоии шадиди роҳҳои нафас гирифтор карда метавонад.

Дар робита бо ин ҳушдор дода мешуд, ки аҳолӣ ҳушёр бошанд ва ба хотири пешгирӣ аз сироятёбӣ аз коронавируси нав аз ниқобу дигар воситаҳои пешгирикунанда истифода баранд, аммо Вазорати тандурустии кишвар дар сомонаи худ ин хабарро рад намудааст. Дар раддияи вазорат аз ҷумла чунин омадааст:

“Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки маълумоти мазкур асоси воқеӣ надорад ва ҳоло бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар кишвар дар гардиш ҳастанд, на ягон намуд вируси хатарнок. Нафароне, ки бо нишонаҳои бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд, аз онҳо ташхиси бемории COVID-19 гирифта мешавад. Хушбахтона, натиҷаи ташхисҳо нишон медиҳанд, ки то кунун дар мамлакат ягон нафар ба ин вирус гирифтор нест, бинобар ин, аз ҳамватанони азиз эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба чунин маълумоти ҳангомасоз ва иғвоангез бовар накунанд, балки бо истифода аз тавсияи мутахассисони соҳа худ ва наздиконашро аз бемориҳои шадиди роҳҳои нафас эмин нигоҳ доранд. Ҳамасола бо омадани мавсими сармо гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар кишвар меафзояд, ки ин як ҳолати маъмулист.”

Аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш мекунем, ки бо паҳн намудани чунин хабарҳои бе асос мардумро ба таҳлука наандозанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД