1xbet
Вазири маориф барои таъмир ва обуна ба рӯзномаҳо пул ҷамъ карданро манъ кард
129

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни сафараш ба ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон гуфтааст, ки ба ҷамъ кардани маблағ барои обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ғайрисоҳавӣ ва таъмири мактабҳо бояд хотима гузошта шавад.

Тавре Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ додааст, вазири маориф Раҳим Саидзода рӯзи 7-уми июн аз мактаби №14-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид ба амал оварда, бо омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ суҳбат намудааст. Зимни суҳбат вазир ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ҷалб накардани омӯзгорон ба обуна ба нашрияҳои ғайрисоҳавӣ сухан ронда, ба ҷамъ накардани маблағ барои таъмиру дигар эҳтиёҷоти муассиса таъкид кардааст.

Ҳарчанд масъулини соҳаи маориф таъкид мекунанд, ки ҷамъоварии  маблағ барои таъмиру гармикунонии мактабу кӯдакистонҳо манъ аст, вале новобаста ба ин ҳамасола дар охири соли хониш ин масъала боз ба миён омада, баҳсу мунозираҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД