Вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу дар ҷараёни боздидҳои худ аз шаҳри бар асари заминларза харобшудаи Қаҳрамонмаръаш ба наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, “вазири корҳои дохилии Туркия аз минтақаҳои офатзада дидан кард ва дар ҷараёни сафари худ ба он қисмати шаҳр омад, ки имдодгарони КҲФ фаъолият мекарданд.
Ҷаноби Сулаймон Сойлу баъди он ки ба натиҷаҳои фаъолияти имдодгарони тоҷик ошно шуд, ба онҳо изҳори сипос кард ва аз натиҷаи фаъолияташон ситоиш намуд”.
Ҷаноби Сойлу ҳамчунин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пуштибонӣ аз офатзадагони Туркия ва ирсоли кумаки фаврӣ сипосгузорӣ намудааст.