Салом! Ман Раҷабгул, зани 58-сола, сокини маҳаллаи 104-и шаҳри Душанбе мебошам. Дар бисотам як писар дорам ва фарзанди яккаву ягонаам бемории гепатит дорад. Пештар дар як сол як бор ҳатман дар беморхона хобида, табобат мегирифт, вале ду соли охир бо сабаби камбудии иқтисодӣ натавонистем ӯро бистарӣ намоем. Вақтҳои охир ҳолаш хуб нест. Ба духтур бурдем, табибон баъди ташхис гуфтанд, ки шикамаш об гирифтааст. Ҳоламро фақат худам медонаму худованд. Шунидам, ки табиби халқӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев чандин беморонро бо доруҳои гиёҳӣ табобат кардааст. Илтимос, писарамро аз марг наҷот диҳед!
Раҷабгул, сокини шаҳри Душанбе
Посухи табиб мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ
Падари тибби Шарқ, олим ва донишманди беназир, Абуалӣ ибни Сино гуфтааст:
Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал!
Албатта риштаи маргу зиндагӣ танҳо дар дасти Худованд аст, вале инсон набояд нисбати саломатии худ бепарвоӣ зоҳир намояд. Гапатит бемории вирусӣ аст ва касоне, ки ба ин касалӣ гирифтор ҳастанд, бояд ҳамеша дар зери назорати қатъии духтур қарор дошта бошанд. Шуморо лозим аст, ки ҳарчи зудтар писаратонро дар беморхона бистарӣ намуда, дорую дармон ва табобати фармудаи табибонро бигиред. Барои халосӣ аз оби шикам бошад, ман ба шумо баъзе давоҳои халқиро тавсия медиҳам, ки таъсири хуб доранд.
Ҷаъфарӣ ва шири гов
Ин шабу рӯзҳо кабудӣ дар ҳама ҷо фаровон ва нархаш ҳам хеле арзон аст. 800 грамм ҷаъфарӣ (петрушка)-ро гирифта, тоза шӯед ва майда реза карда дар зарфе андозед. Аз болояш шири нав ҷӯшидаи говро рехта зарфро дар болои бухории гарм гузоред. Даворо тарзе дар болои оташ нигоҳ доред, ки ба ҷӯшидан наздик ояд, вале наҷӯшад. Зарфро то замоне дар болои бухорӣ нигоҳ доштан лозим аст, ки шир оҳиста-оҳиста бухор шуда, дар зарф нисфи миқдори аввалааш боқӣ монад. Аз ин даво як соат пас бемор бояд ду қошуқӣ истеъмол кунад.
Асал ва пиёз
Дар ҳар хона ҳамеша пиёз ҳаст. 200 грамм пиёзи бехиро гирифта тоза шӯед ва аз мошини гӯштқимакунак гузаронида ба ягон зарфи сарпӯшдор андозед. Аз болояш 100 грамм асали тоза рехта, нағзакак омехта кунед ва муддати ду рӯз дар яхдон нигоҳ доред. Рӯзи сеюм даворо полонед ва рӯзе се маротиба ба бемор ду қошуқӣ диҳед.
Юнучқа ва шароби ангурӣ
Боз як гиёҳи дигар, ки барои оби шикам даво шуда метавонад, ин юнучқа аст. Ба чойник ду-се қошуқи ошхӯрӣ юнучқаи сурх андозед ва аз болояш тахминан ним литр оби ҷӯшидагӣ рехта, монед як соат истад. Пас аз ин, даворо аз дока полонед ва ба он каме шароби ангурӣ илова карда, дар давоми рӯз ним истаконӣ ба мариз додан гиред, оби шикамро мебарорад.
Даво аз шохчаҳои арча
Шохчаҳои борики дарахти арча (бурс)-майда карда, як қошуқи онро ба термос андозед. Аз болояш як истакон оби ҷӯшидагӣ рехта, даҳони зарфро маҳкам кунед ва монед як-ду соат истад. Аз ин гиёҳоб мариз дар давоми рӯз кам-кам бинӯшад, дар давоми як ҳафта ҳолаш хеле беҳтар мешавад