10 маслиҳати судманд ба волидони ҷавон
Барои модароне, ки кӯдакони хурдсол доранд, гӯшдард мушкили ҷиддӣ аст.
Бояд гуфт, ки бештар тифлакони то 5-сола ба гӯшдард гирифтор шуда, аз дарди шадид чунон мегирянд, ки кас дасту по хӯрда, ба фарзандаш чӣ гуна ёрӣ расониданашро намедонад.
Аз ҳамин хотир, мо қарор додем дар бораи ёрии аввалин ба кӯдак ҳангоми гӯшдард ба волидони ҷавон, махсусан ба модарон чанд маслиҳати судманд диҳем.
Бештар шамол кашидани узви шунавоӣ (отит), рафтани ягон ашё ба гӯши кӯдак, даромадани хомӯшак ё ҳашароти дигар ба гӯши тилф, ҳамчунин сахт зарба хӯрдани ин узв боиси пайдо шудани дарди шадиди гӯш ва гиристани тифлакон мегардад. Барои он ки ба фарзандатон ёрӣ расонед, шумо бояд пеш аз ҳама сабаби дард кардани гӯши кӯдакро аниқ кунед.
2. Гӯши кӯдак шамол кашида бошад, бо воситаи дорую даво ба ӯ кӯмак расонидан мумкин аст, вале дард шадид ва сабабаш зарба хӯрдан ё ягон мушкили ҷиддии дигар бошад, ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занед.
3. Кӯдак шабона афтида, гӯшаш зарб хӯрда бошад, то саҳар интизор шудан лозим нест. Дар чунин ҳолатҳо новобаста ба он ки соат чанди шаб аст, ҳатман кӯдакро ба духтур баред. Кӯдакро дар дастатон рост нигоҳ доред ва то расидан ба беморхона ё бунгоҳи тиббӣ кӯшиш кунед, ки бача сарашро бисёр наҷунбонад.
4. Дили кӯдак безуҳур шуда, қай мекарда бошад, ӯро ба пушт нахобонед, ғизое, ки аз меъда хориҷ мешавад, ба роҳҳои нафас афтида, тифл нафасгир шуда метавонад.
5. Пардаи гӯши кӯдак кафида бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ хуни гӯшашро бо чӯбчаи пахтадор ё ашёи дигар тоза накунед. Аз бетаҷрибагӣ шумо метавонед ба кӯдак бештар осеб расонед. Дар чунин ҳолат ҳарчи зудтар ба духтури лор муроҷиат кардан лозим аст. Табиб хуну зарбоби гӯши тифлакро бо асбоби махсус тоза карда, ёрии зарурии тиббиро мерасонад ва шунавоии кӯдак дубора барқарор мегардад.
6. Гӯши тифлак танҳо шамол кашида бошад, вале зардоб наравад (отит), ба гӯшаш компресс бастан мумкин аст, вале аз гӯши кӯдак зардоби тираранг ва ё хунолуд резад, компресс қатъият манъ аст.
7. Гӯши кӯдак шабона сахт дард карда бигиряд, ба гӯшаш доруи гӯш (ушние капли) чаконед ва барои паст кардани шиддати дард “Пардифен”, “Нурофен”, “Ибуфен” ё ягон доруи дигар тасинбахш диҳед. Рӯзона то омадани духтур ё расидани мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба кӯдак доруҳои таскинбахш додан мумкин нест.
8. Баъзан кӯдакони хурдакак ҳангоми бозӣ ба гӯшашон тугма, муҳра ё ягон қисмати бозичаро мехалонанд ва ин боиси дард кардани гӯши тифлак мешавад. Дар чунин ҳолатҳо волидон набояд кӯшиши мустақилона аз гӯши кӯдак кашида гирифтани ашёро намоянд, чунки шумо метавонед онро баръакс ҷуқуртар тела диҳед ё пардаи гӯши кӯдакро кафонед.
9. Ба гӯши кӯдак хомӯшак, нонхӯрак ё ягон ҳашароти дигар даромада бошад, гӯшаш хеле сахт дард мекунад. Дар чунин ҳолатҳо ба гӯши кӯдак як қатра равғани “Камфорное масло” чаконда, интизор шудан лозим аст, ки ҳашарот бимирад. Кӯдакро ба назди духтур баред, то ҳашароти мурдаро аз гӯшаш берун оварда, гӯши тифлро тоза кунад.
10. Фаромӯш накунед, ки дар сурати зарба хӯрдан ё даридани пардаи гӯш, ҳамчунин рафтани хуну зардоб аз гӯши тифлак, ҳатто дард кам ё гум шавад ҳам, кӯдакро ҳатман ба назди духтур бурдан лозим аст, чунки худтабобаткунӣ метавонад ба оқибатҳои ногувор аз қабили аз гӯш ба майнаи сар рафтани инфексия бурда расонад.