goodwell
Ватандор Шеров: Миёни ҳунарманд ва тамошобин фосила зиёд аст
12

Ватандор Шеров аз ҷумлаи ҳунармандони ҷавон ва ҳамзамон сермаҳсулу серкор аст. Ӯ дар театру синамо ба ҳайси ҳунарпешаву коргардон корҳои зиёд кардааст. Тӯли 15 соли фаъолият дар театр дар 42 намоиш иштирок карда, аз ин шумора 25 тоаш нақши марказист, чор филми кӯтоҳу ду филми мукаммал таҳия карда, дар 12 филм нақш офаридааст.

Гуфтори якум:

Донишҷӯи тасодуфӣ

- Дуруст аст, ки Барзу Абдуразоқов ва Обидҷон Назариён сабаби ба риштаи актёрӣ дохил шуданатон гардиданд?

- Бале, дуруст аст. Аслан, ман сароянда шудан мехостам. Дар чорабиниҳои мактабӣ бисёр фаъол будам, суруд мехондам, дар саҳнаҳои гунагун нақш мебозидам. Ҳамчунин, ба ҳайси сароянда дар маҳфилҳои хурсандӣ хизмат мекардам. Пас аз хатми мактаби миёна бо нияти шомил шудан ба шуъбаи сарояндагӣ ба Донишкадаи давлатии санъат ба номи Мирзо Турсунзода омадам. Дар ошёнаи дуюм устодон Барзу Абдуразоқов ва Обидҷон Назариён имтиҳони қабули довталабони риштаи актёриро гирифта истода буданд. Ман наздашон рафта, салом додаму гуфтам, ки иҷозат бошад, ман ҳам имтиҳон супорам. Онҳо иҷрои чанд лаҳзаро дархост карданд, ки ба хубӣ аз уҳдааш баромадам. Ҳамин тавр, сарояндагиро фаромӯш карда, ба актёрӣ рӯ овардам.

- Ба соҳаи актёрӣ омадани шуморо тасодуфӣ гӯем ҳам, хато намекунем. Оё давоми таҳсил бароятон мушкил нашуд?

- Осон набуд, зеро устодон хеле сахтгир буданд. Масалан, устод Барзу Абдуразоқов аз мо хондани роман ва шеъру этюд талаб мекарданд. Бо сабаби каме дӯстбозӣ кардан, аз китобхонӣ ва супурдани вазифаҳо қафо мондам, ҳатто қариб буд, ки хориҷ шавам. Вале устод боз шонс доданд ва бо роҳнамоии устодон Абдулмумин Шарифӣ ва Нозим Меликов реҷаи китобхонӣ тартиб дода, китобҳои зиёд мутолиа кардам. Гуфтан мехоҳам, ки дар ҳама ҳолат дастгириву ғамхории устодонро ҳис мекардам ва маҳз онҳо сабаби дар ин пеша таҳсилу кор карданам гардидаанд.

Гуфтори дуюм:

Агар ҷисми намоиш ҳунарманд бошад, пас, рӯҳаш коргардон аст

- Ҳоло пайи кадом корҳоед?

- Дар ҷустуҷӯи асари хубу инъикоскунандаи вазъи замону мардум ҳастам. Ҳамчунин, ният дорам ба наздикӣ дар ягон театри музофотӣ намоише гузорам.

- Интихоби асар чӣ гуна сурат мегирад, яъне чӣ гуна қарор медиҳед, ки бояд аз рӯйи фалон асар намоише таҳия намоед?

- Интихоб хеле муҳим аст, зеро на ҳар асар ба дарди мардум, ба дарди ҷомеа бармехӯрад. Коргардон вақти интихоб ҳама паҳлӯҳои асарро мебинад, месанҷад, таҳқиқ мекунад ва баъд хулоса мебарорад. Аз мазмун то паёми асар барои коргардон хеле муҳим аст. Асаре бояд рӯи саҳна биёяд, ки аз камбудиву норасоии гурӯҳе аз одамон бигӯяд ва онҳоро водор ба ивазшавӣ кунад. Асосан, ҳадафи ҳама ҳунармандон ин нишон додани вазъи замону ислоҳи камбудиҳост. Коргардон пас аз хулосабарорӣ, ба сохтани шакли он мепардозад, ки хеле кори душвору сангин аст. Кӯшиш мекунад, ки ба ҳар қаҳрамон характери муайян диҳад. Масъалаи мусиқиву саҳнасозиву дигару дигар ҳам заҳмати сангин металабанд. Агар ҷисми намоиш ҳунарманд бошад, пас, рӯҳаш коргардон аст.

- Ҳамчун коргардон кай мефаҳмед, ки намоиш барои пешниҳод ба бинанда омода аст?

- Намоиш ҳамон вақте омода аст, ки гурӯҳи корӣ пурра аз иҷрои ҳамаи талабот баромадааст ва чанд маротиба намоишро тамрин мекунанд ва масъалаи мусиқиву саҳнасозӣ ҳал шудааст. Сипас, коргардон ба хулосае меояд, ки намоишро ба шӯрои бадеии театр пешниҳод кунад. Пас аз дидани шӯрои бадеии театр ва ислоҳи камбудиҳо, шӯрои бадеии вазорат мебинад ва баъдан ба тамошобин пешниҳод мегардад.

- Шумо ҳамчун ҳунарманд, оё мехоҳед, ки касе бо хислату рафтори шумо монанд коргардон бошад ва ҳамроҳаш кор кунед?

- Албатта, ман ҳамчун коргардон дар кор хеле ҷиддӣ ҳастам.

- Ба ҳунармандон озодӣ медиҳед ё дар дохили қолаби муайян онҳоро нигоҳ медоред?

- Бештар озодӣ медиҳам. Ман чӣ хостанамро мегӯям, яъне мегӯям бояд девона шавӣ, аммо чӣ гуна девона шуданашро ба ӯ ҳавола мекунам.

Гуфтори сеюм:

Тангои ҷиноятӣ

- Яке аз корҳои охири шумо ҳамчун коргардон ин ба саҳна гузоштани намоиши “Тангои ҷиноятӣ” аст. Агар хато накунам дар замони шӯравӣ ин намоиш дар театр буд, чӣ сабаб шуд, ки онро дубора таҳия кардед?

- Бале, намоиши “Тангои ҷиноятӣ” соли 1971 дар театр намоиш дода шуда буд, вале оне ки мо сохтем, фарқ мекунад. Асар қариб 90 саҳифа аст ва вақте ки онро ман хондам, мушкили ҷомеа – нашъамандии ҷавонон ва камтар таваҷҷуҳ кардани волидон ба тарбияи фарзандонашон пешорӯям омад. Ман танҳо як бахши муҳим – тарбиятро гирифтам. Хулоса ё паёми намоиши мазкур он аст, ки дар таълиму тарбияи фарзанд пеш аз ҳама волидон, махсусан падар масъул аст. Албатта, ҷомеа ва мактаб низ саҳм доранд, вале тарбияи фарзанд вазифаи ҷонии волидон аст.

- Ба ҷуз оне ки масъалаи тарбияро баррасӣ кардед, боз аз кадом ҷиҳат ба фазову муҳити ҷомеа наздикӣ дорад?

- Намоишро худӣ кардем ва мушкилоти имрӯзро мондем. Масалан, дар саҳнае писар мехоҳад зодрӯзашро дар тарабхона ҷашн бигирад, вале модараш садди роҳ мешавад ва мегӯяд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” иҷозат намедиҳад, ки зодрӯзро аз муҳити оилавӣ фаррохтар қайд кунӣ.

Гуфтори чорум:

Намоиш замоне мондагор мешавад, ки...

- Аз нигоҳи шумо, ҳоло фосилаи ҳунарманду тамошобин чӣ қадар аст?

- Миёни ин ду фосила зиёд аст. Чанд сол пеш бо сафари ҳунарӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон будам, бовар мекунед, дар театре ҷойи нишаст наёфтам, вале мутаассифона дар мо чунин нест. Вақте ки тамошобин бисёр ба театр меояд, бо ҳунарманд дар рақобат мешавад, ҷаҳонбиниаш васеъ мегардад ва дар ин сурат ҳунарманд сӯи пеш қадам мемонад, бисёр кор мекунад, кӯшиш менамояд, ки корашро чанд баробар беҳтар иҷро кунад. Вале вақте ки тамошобин театр намеояд ва чанд қадам қафо мемонад, ҳунарманд ҳам ба пеш ҳаракат намекунад, кӯшиши зиёд намекунад.

- Театр рисолаташро иҷро карда истодааст?

- То андозае бале, аммо он тавре ки мо мехоҳем нест. Як бор интернетро бубинед, ки театрҳои Маскав то чанд моҳ пеш банданд?

- Нархи билети як намоиш дар театри шумо чанд сомонӣ аст?

- Вобаста ба гурӯҳи одамон аз 7 то 30 сомонӣ.

- Ҳоло тамошобин кадом навъи намоишҳоро бештар мепазирад: фалсафӣ, драмавӣ ё мазҳакавӣ?

- То ҷое аҳамият додам, ҳоло мардум бештар ба асарҳои сабук ва мазҳакавӣ таваҷҷуҳи бештар доранд.

- Кадом вақт намоиши театрӣ мондагор мешавад?

- Намоиш замоне мондагор мешавад, ки тамошобин ба театр биёяд, онро бубинад, ба дигарон хабар диҳад, камбудиҳо ислоҳ шаванд.

- Шумо дар 42 намоиш иштирок кардаед ва 25 тоаш нақши асосист. Чӣ гуна ба шумо ин қадар бовар кардаанд?

- Фикр мекунам, ки барои боварии коргардонҳоро ба даст овардан, кори бисёр, иҷрои саривақтии супоришҳо ва дилбохтагиву сарсупурдагӣ ба касб сабаб шуда метавонад.

Гуфтори панҷум:

Филмҳои кӯтоҳ

- Ба наздикӣ дар як филми ютубӣ шуморо дидем. Умуман, дар мавриди силсилафилмҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мегарданд, чӣ назар доред?

- Он як нақши лаҳзаина буд, ки бояд нақши ҷавони ванҷиро мебозидам. Ба ин филмҳо аз ҷиҳати касбӣ баҳои баланд дода намешавад, зеро  барои хушҳолии мардум ҳастанд. Чунин филмҳоро бештар муҳоҷирон тамошо мекунанд. Дар умум, фикр мекунам, ки бошанд ҳеҷ зараре надоранд, зеро хоҳ-нохоҳ дар худ вазъи замонро ифода мекунанд.

- Шумо ҳамчун коргардон се филм бо “Тоҷикфилм”, ду филм бо “Синамо” ва як филм бо “Телевизиони Тоҷикистон” таҳия кардаед, ки чортоаш кӯтоҳ ҳастанд, чаро маҳз зиёдтар филмҳои кӯтоҳ мегиред?

- Аз шаш филми гирифтаам, сенарияи чортоашро худам навиштаам. Ростӣ, филми “Захм”-ро вақте ки навиштам, барои сарпараст ёфтан чанд дарро куфтам, аммо садое нашунидам. Сипас, бо маслиҳату роҳнамоии роҳбари “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён дар пичинги “Тоҷикфилм” иштирок кардам ва филм қабул гардид. Ҳамин тавр, корам дар ин самт пеш рафт ва яке паси дигаре таҳия шуданд. Дар мавриди кӯтоҳ будани филмҳо бояд бигӯем, ки ин гуна корҳоро хеле дӯст медорам, зеро дар онҳо сухану амали зиёдатӣ нест, балки соатҳо гапу амалро дар 5 дақиқа нишон медиҳӣ.

- Филмҳои шумо аз мушкилоти ҷомеа мегӯянд, аммо чаро барои бинандагон дастрас нестанд?

- Филмҳое, ки бо дастгирии “Тоҷикфилм” гирифтем, дар ихтиёри муассисаанд ва ман дар ин маврид чизе гуфта наметавонам. Аммо филмҳои “Никоҳи хешутаборӣ”, “Меҳри модар” ва “Муаллими меҳрубон”, ки дар ҳамкорӣ бо Телевизиони “Синамо” таҳия кардам, мунтазам аз ин шабакаи телевизионӣ манзури тамошобинон мегарданд.

- Филмҳои шумо дар фестивалҳо иштирок кардаанд?

- Ростӣ, ман роҳҳои иштирок дар фестивалҳоро намедонам. Танҳо филми “Захм” аз “Тоҷи Сомон” ифтихорнома гирифтаасту халос.

Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД