arzon replenishment
ВАСВАСАИ ШАЙТОН ПАДАРРО БА ЗИНДОН БУРДУ ДУХТАРРО ШАРМАНДА КАРД
30.09.2020
ОИЛА
6514

Ин ҳодисаи нангин дар деҳаи Отчапари ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон рух додааст. Се рӯзноманигори “Оила” се шабонарӯз пайи тадқиқи он буданд.

Умеда имсол бояд дар синфи 10 таҳсил мекард, вале ӯ дигар қатори ҳамсинфонаш ба мактаб нарафт. Доғе, ки падар бар сари фарзанд овард, бо ҳеҷ собуне шуста намешавад!

Умеда соли 2004 дар ноҳияи овозадори Панҷи пурганҷ ба дунё омадааст. Онҳо дар оила 6 нафаранд ва Умеда фарзанди дуюми хонадон ба ҳисоб меравад. Падару модараш дар оғоз зиндагии тифоқ доштанд ва рӯзгорашон осуда мегузашт, аммо баъди тавлиди тифлаки нахустин хулқу атвори падар яку якбора тағйир ёфту ӯро дигар шинохта намешуд. Хархашаҳои доимӣ ва мушту лагади бешумор ҷони занакро ба нӯги биниаш овард. Бар замми ин, мард маводи сахттаъсири нашъадор истеъмол мекарду аксари вақт хуморӣ мегашт.

Сахтиҳои зиндагӣ ва наёфтани маводи мухаддир ӯро ба қарзгирӣ маҷбур кард. Аз чанд ёру ошно ва ташкилотҳои қарздиҳӣ пул пурсиду дар маркази ноҳия тарабхонаеро харида, пурра аз таъмири капиталӣ баровад. Мехост ба ин васила рӯзгорашро беҳтар намуда, барои худаш ҳам “доруи сафед” пайдо намояд, вале тираш хок хӯрд ...

Саидҷалол (падари Умеда), ки дар соҳаи савдо таҷриба надошт, ба гирдоби қарз ғӯтта зад. Акнун қарзхоҳон пушти дари хонаашро охурча карда, ҳар замон пули додаашонро талаб менамуданд. Ӯ имконият надошт, ки пулҳоро яку якбора баргардонад. Тарабхонаро ба ҳоли худаш гузошту зану бачаашро гирифта, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия бурд. Он замон ӯ ду фарзанд дошт. Умеда ҳамроҳи аммааш монд. Сарпарастиву тарбияи ӯро бибиву аммааш бар уҳдаи худ гирифтанд.

Саидҷалол рафту кораш ба зудӣ омад накард ва дар мулки бегона хеле сарсониҳоро дид. Ниҳоят кордаш болои равған шуда, оҳиста–оҳиста пулдор шуд. Акнун маблағи ёфтаашро ҷамъ карда, ба қарзхоҳон медод. Мехост ҳар чӣ зудтар аз ин “вабо” халос шавад.

           Сарҷамъии хонадон

Аз байн 10 сол гузашт. Дар ин муддат Умеда духтари калон шуду акнун оламу одамро мешинохт, аммо чеҳраи падару модарро то ҳол дар ёд надошт. Ниҳоят волидонаш баргаштанд, вале ҳамроҳашон боз ду писараки дигар ҳам буд. Умеда дар аввал онҳоро нашинохт. Баъдтар фаҳмид, ки писарбачаҳо додаронаш ҳастанду дар кишвари бегона таваллуд шуда, акнун ба воя расидаанд.

Аҳли оила ҳама сарҷамъ шуданд. Падару модар, бародару додарон ва худи Умеда дигар ҳар шом сари як дастархон хӯрок мехӯрданд. Умеда хурсанд буд, ки акнун ҳамаашон якҷоя шуданд ва бо додараконаш даводаву бозӣ мекард. Духтарак бехабар аз он буд, ки ин сарҷамъӣ муваққатист ва дигар асло ин рӯзҳои нотакрорро намебинад.

Боди коҳи кӯҳна

Баҳсу ҷанҷолҳо аз нав сар шуданд. Пулҳои овардаи падару модар майда–майда тамом мешуданд. Саидҷалолро хумории сафедӣ мегирифт, вале пул намеёфт, ки ба назди ҳаннотон рафта, “дору”- яшро ба даст орад. Асабоният ва рашку ҷаҳл ҳукмрони ин оилаи хушбахт гашту шодии зиндагиашонро табдил ба торикии гӯристон кард.

Падари хашмгин беҳудаву ҳар лаҳза ба сари модари фарзандон мушт мебардошту гапу калочаҳои кӯҳнаро баҳона карда, ӯро бераҳмона лату кӯб мекард. Кӯдакон ин ҳолатро дида, маҷоли ҳарф задан надоштанд, зеро дахолат ба ҷанги волидонашон қаҳри падарро садчанд карда, борони сели ҳақорату дашномҳоро ба сари онҳо мерехт. Мушту шаттаҳо паси ҳам ба бадани кӯдакон мерасид. Гиряву нолаи онҳо ба само дакка мехӯрд, вале гӯши фалак инро намешунавиду касе парвои ин кӯдакони масъумро надошт. Аммаву амакҳо ҳарчанд дар наздикӣ зиндагӣ мекарданду ҳамсоя ҳам буданд, вале ёрои ба зиндагии онҳо дахолат карданро надоштанд, зеро аз забони қабеҳи мард метарсиданд.

Нозанин, фарзанди шашуми хонадонро ба дунё овард. Ҳусноро (модари Умеда) меандешид, ки шояд баъди ин ақли шавҳараш медарояду истифодаи маводи нашъадорро бас мекунад. Воқеан, ҳамин тавр ҳам шуд, лекин танҳо барои як мудати муайян. Саидҷалол дар назди ҷӯраҳояш қасам хӯрд, ки дигар нашъа намекашад ва агар бори дигар онро истифода барад, занаш талоқ шавад. Ҳатто ин савганди хӯрдаашро дар назди занаш бо ифтихор нақл кард ва ваъда дод, ки минбаъд хуморӣ намегардад.

Тарки одат – амри маҳол

Баъд аз чанд муддат Саидҷалол боз даст ба корҳои паст зад. Қасамашро шикасту боз барои пайдо кардани “сафедӣ” шитофт, то нафси ҳаромашро қонеъ кунад. То ёфтани “давои дард”–аш девонаавзоъ буду аз чойнику пиёла сар карда, то ҷевони хонадон ҷанг мекард ва алами Исоро аз Мӯсо гирифтанӣ шуда, ҳар ашёи аз пеши роҳаш баромадаро ба сари зану фарзандонаш ҳаво медод.

Ҳусноро, ки дигар тоқати чунин зиндагии сагонаро надошт ва акнун барои шавҳараш “бегона” маҳсуб меёфт, бо як азоб ӯро дигарбора ба Русия фиристод, зеро замони дар хона буданашон аз ду бонк қарз гирифта, байни обу оташ монда буданд. Саидҷалол рафту кори нав ёфт. Акнун каму беш пул мефиристод ва занаш бурда, онро ба хазинадори бонк медод, то аз қарз халос шаванд. Аммо пулёбии шавҳараш дер накашид. Муҳлати ҳуҷҷатҳояш тамом шуду ӯ ба хона баргашт.

Зиндагии Ҳусноро аз нав талх шуд. Ба комаш ба ҷойи шакар акнун заҳр мерехт ва хӯроки хӯрдааш аз гулӯяш намегузашт. Сохтмони нотамоми хонаашро дида, хуни ҷигар мехӯрд, ки бо ин шавҳари бангӣ чӣ тавр зиндагӣ мекарда бошад. Баъди андешарониҳои зиёд хост, ки бо пулҳои пасандознамудааш ҳуҷҷатҳои Саидҷалолро дигарбора тахт намуда, ӯро бозпас ба ҷойи кораш фиристад, вале мардаки шилқин дигар ба муҳоҷират рафтан намехост. Ҳусноро маҷбур шуд, ки худаш рахти сафар бандад, зеро бо ин пули ночизе, ки аз ҳисоби корҳои хоҷагӣ меёфт, бо бонк ҳисобӣ карда наметавонист.

Ҳангоми сафар ба Русия хост, ки Умедаву Нозанинро бурда, дар хонаи бибии модариашон гузораду писарбачаҳо бо падар зиндагӣ кунанд, лекин падар таъмини ҳамаи онҳоро бар дӯш гирифта, нагузошт, ки духтарон аз худаш дур бошанд. Занак бо дили пур ба Русия рафт ва ҳамаи хароҷотҳои оилаашро бар уҳдаи худ гирифт. Пайваста ба шавҳараш занг мезаду аз ҳоли фарзандон пурсон мешуд ва бо дуои ҷони онҳо ба умеди расидан ба рӯзҳои хуб дар кишвари бегона зиндагиву кор мекард.

Даҳшати коронавирус тамоми сайёраро ларзонд. Хурду бузург аз ин вабои аср ба таҳлука афтиданд. Кишвари паҳновари Русия илоҷ меҷусту тадбир, то аз ин буҳрони одамрабо барояд. Ба хотири чораҳои беҳдоштӣ тамоми тадбирҳоро андешид. Роҳҳо маҳкам шуданд, муносибат иваз гашт, корфармоён кормандонро ба рухсатӣ фиристоданд, замона тағйир ёфт. Акнун Русия дигар он кишвари собиқ набуд. Пулро бо зарби нохун меёфтанд.

Ҳусноро ҳам аз ин вабо бетаъсир намонд. Хушбахтона, кораш қатъ нашуд, вале аз тарси бемор нашудан наметавонист ба ҷое барояд. Тамоми корҳои душвори хонаи хӯҷаин ба гарданаш бор буд. Бар замми ин, самбӯсаву дигар қаннодиҳо пухта мефурӯхт, то аз ин марҳилаи душвор барояд.

Иди Рамазон фаро расид. Коронавирус ҳамоно доман паҳн мекард ва одамони зиёдеро ба доми худ мегирифт. Дар Тоҷикистон, махсусан дар ноҳияи Панҷ идгардак тамоман бо ранги дигар мегузашт. Умедаву додаронаш ҳам чун дигар фарзандони маҳалла либоси озода пӯшида, ба хонаи хешовандон рафтанд, то бо иди нав табрикашон кунанд, зеро аз дасти азобу ҳақоратҳои падар аксари наздикон аз онҳо рӯ гардонида, аз дарашон намедаромаданд.

Ҳамин тавр, идгардак бо хурсандӣ гузашт. Падар ҳам ягон–ягон ҷӯраҳояшро зиёрат карду қарибиҳои бегоҳ ба хона баргашт. Шаб ҳама сари дастархони идона нишастанд. Он рӯз шодии онҳо канор надошт. Рӯзи баъд ҳам ҳамин гуна сипарӣ шуд, вале рӯзи сеюми ид ...

Он рӯз аз субҳ қалби Умеда сиёҳ буд. Падараш ҳам асабӣ менамуд ва барои баҳонаҳои ночиз дарҳол ҷангро мебардошт. Вазъият то шаб ҳамин тавр сурат гирифт. Дар фазои хона гоҳ даъвову гоҳ оромӣ буд.

Шаб ҳам фаро расид. Бародарон, ки рӯзи дароз аз ташвиши рӯзгор хаста шуда буданд, ба хоби ноз рафтанд. Умедаро хоб намебурд. Ӯ худро ба ҷогаҳ андохта, дар бораи рӯзҳои гузашта меандешид. Ҳамин вақт, садои пасти падараш баромад, ки номашро гирифта, ӯро ҷеғ мезад. Духтар аз ҷой хесту ба пеши Саидҷалол рафт. Мард дар рӯи кат менишаст. Ӯ ба духтараш амри нишастан доду хеле аз ину он ба гӯшаш насиҳат хонд ва Умедаро ба оғӯш гирифта, аз рухсораҳояш бӯсид. “Баъд пурсид, ки рафта бинам, бародаронам хобанд ё бедор”, - ба ёд меорад Умедаи гирён он рӯзи наҳсро.

“Вақте ба хонаи хоби кӯдакон рафтам, онҳо масти хоб буданд. Омада, инро ба падарам гуфтам. Падарам аз нав маро ба оғӯш гирифту аз бари рӯям бӯсид. Рӯзи дароз, ки даводаву кор доштам, сахт монда будам. Аз падарам иҷозат гирифтам, то ки рафта хоб кунам. Ӯ розӣ шуд ва гуфт, ки рафта, куртаи шабхобравамро пӯшаму боз ба пешаш биёям. Гуфтамаш, ки сахт мондаам ва хоб дорам, аммо хост боз чанд дақиқаи дигар суҳбат кунем. Ман ҳам рафта, куртаамро пӯшидам ва боз ба пешаш омадам. Ин вақт ӯ дар ҷойгаҳаш, ки дар рӯи кат андохта шуда буд, дароз мекашид. Аз ман ҳам хост, то дар паҳлӯяш дароз кашам. Мувофиқи хоҳишаш дар бараш хоб рафтам. Чун монда будам, тез–тез хамёза кашида, меларзидам. Падарам ин ҳолатамро дида, пурсид, ки “Чаро метарсӣ? Охир, ман падаратам. Фикри бад накун. Бо ту ягон кор намекунам”. Ман ҳам ба гапаш бовар кардам, зеро ӯ падарам буд.

Баъд падарам ба бӯсидани ман оғоз кард. Аз гардану бари рӯйҳоям беист мебӯсид. Муқобилият кардам, ки аз ман чӣ мехоҳад, вале гап назада, ин корашро идома медод. Баъди ин, як дасташро ба таги куртаам дароварда, онро то наздикиҳои гарданам боло кард ва бо дасти дигараш эзорамро ба поён кашид...

Давом дорад ...

Мирсаид САТТОРИЁН,

Бахтовар САФАРОВ,

Шабнам ТОҲИРЗОДА

Душанбе – Бохтар – Панҷ – Ҷайҳун – Бохтар - Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД