Formula novemver 2024
Варзишгарон ҳар моҳ маош мегиранд
451

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷоизадорон ва ғолибони бозиҳои олимпӣ, параолимпӣ ва сурдолимпӣ (барои шахсони ношунаво) маош ё моҳона таъйин кард.

Қарори мазкур аз 1-уми январи соли 2024 ба иҷро медарояд. Бинобар он, барои ғолибони олимпӣ ҳар моҳ 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (феълан 3400 сомонӣ), барои дорандаҳои медали нуқра 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (феълан 2040 сомонӣ) ва барои барандаҳои нишони биринҷӣ 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (феълан 1360 сомонӣ) таъин мегардад.

Ҳоло як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 68 сомонӣ баробар аст. Он ҳар сол дар қонуни буҷет вобаста ба сатҳи таваррум муқаррар карда мешавад.

Вазорати молия якҷоя бо Кумитаи ҷавонон ва варзиш вазифадор шудаанд, ки харҷи пардохти моҳонаи якумраи ғолибону ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, параолимпӣ ва сурдолимпиро таъмин кунанд.

Тайи даҳсолаҳои охир аз Тоҷикистон гурзандоз Дилшод Назаров нишони тилои бозиҳои олимпии соли 2016, муштзан Мавзуна Чориева нишони биринҷии бозиҳои олимпии соли 2012, гуштигирон Расул Боқиев медали биринҷӣ ва Юсуф Абдусаломов нишони нуқраи бозиҳои олимпии соли 2008-ро ба даст овардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД