Sebiston new 2024 october
Вафо Назаров аз олам даргузашт
535


Имрӯз рассоми халқии Тоҷикистон Вафо Назаров аз олам даргузашт.

Мавсуф узви Иттифоқи рассомон ва Иттифоқи журналистони СССР, узви Ҷамъияти рассомон-графикҳои ЮНЕСКО ва Раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон, дорандаи нишони Аълочии телевизион ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад.

Вафо Назаров 6-майи соли 1940 дар Девдараи ноҳияи Шӯробод ба дунё омада, пас аз хатми омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе ҳаёташро бо телевизиони Тоҷикистон пайваст. Солҳои 1960—1963 ба сифати рассом-таҳиягар дар телевизион кор карда, баъдан ба хизмати ҳарбӣ рафт. Пас аз адои хизмати Ватан ба Институти театр, мусиқӣ, кинематография ва телевизиони шаҳри Ленинград дохил шуда, баъди хатми ин донишкадаи бонуфуз фаъолияти мусаввириашро идома дод. Солҳои 1972—1981 дар вазифаи саррассоми студияи Телевизиони Тоҷикистон кор карда, соли 1981 Раиси раёсати Фонди бадеии Тоҷикистон ва ҷонишини Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон иштихоб шуд. Соли 1996 Вафо Назаровро ба узвияти Ҷамъияти рассомон-графикҳои ЮНЕСКО қабул кардаанд. Соли 2009 бошад, Раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон таъин гашт.

Вафо Назаров ҳамчун мусаввири моҳир дар пешрафти санъати рассомӣ дар Тоҷикистон нақши сазовор гузошта, аз худ номи некеро ба ёдгор гузоштааст. Ҷанозаи ин марди накӯном имрӯз дар вақти намози пешин дар масҷиди “Хол Машраб” баргузор хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД