Ҳамлагари “ПСЖ” Лионел Месси бо намояндагони “Ал-Ҳилол” мулоқот карда, дар бораи гузаштанаш ба бошгоҳи Саудӣ гуфтугӯ кардааст. Дар ин бора намояндааш ба “Известия” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, мулоқот рӯзи 1 май баргузор шуд ва “Ал-Ҳилол” ният дорад, ки Мессиро ба баландарзиштарин футболбоз дар таърихи бозиҳо табдил диҳад.
Ёдовар мешавем, ки Месси барои гузаштан ба тими «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ пешниҳоди расмӣ гирифт ва ин ягона пешниҳодест, ки то ба ҳол ба Месси кардаанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки аргентинӣ ба дӯстони наздик ва хонаводааш гуфтааст, пешниҳоди “Ал-Ҳилол”-ро бо маоши ҳудуди 400 миллион евро дар як сол қабул хоҳад кард. Месси аз тобистони соли 2021 дар ҳайати ПСЖ бозӣ мекунад. Муҳлати шартномааш то июни ҳамин сол аст. Роҳбарияти клуб аз тамдиди шартнома бо Месси худдорӣ кард. Ҳамлагари аргентинӣ дар ҳайати бошгоҳи фаронсавӣ боз се бозии дигар анҷом медиҳад.
Дар мавсими ҷорӣ ҳамлагари 35-сола дар ҳайати ПСЖ 33 бозӣ анҷом дода, 18 гол ва 17 партофти головар кардааст.
Рӯзи 2 май ПСЖ Мессиро барои сафар ба Арабистони Саудӣ бидуни иҷозати клуб ба муддати ду ҳафта аз бозӣ маҳрум кард. Гуфта шуд, ки бозигар бо сабаби сафар аз тамрин даст кашид. ПСЖ аз шарҳи бештар худдорӣ кард ва худи Лео бо узрпурсӣ ПСЖ гуфт:
«Ман фикр мекардам, ки онҳо ба мо пас аз бозӣ як рӯзи истироҳат медиҳанд, чуноне, ки ҳамеша буданд. Бинобар ин, нақшаи сафарро тартиб додам ва онро бекор карда натавонистам. Ман бояд қаблан онро бекор мекардам. Бинобар ин, аз ҳамдастаҳоям узр пурсида, мунтазири қарори роҳбарият ҳастам."
Мессиро на танҳо Саудӣ, балки “Барселона” низ орзу мекунад. Дар миёнаҳои моҳи апрел президенти бошгоҳи каталониҳо Жоан Лапорта дар мулоқот бо мухлисон гуфта буд, ки Месси пас аз анҷоми шартнома бо ПСЖ ба даста бармегардад, вале тибқи иттилои дарёфтӣ, клуб ба ӯ пешниҳоди расмӣ надодаанд.
Дар ҳоли омадани Меси ба Саудӣ ӯ боз муқобили Криштиану Роналдо бозӣ хоҳад кард, ки ҳоло узви тими “Ал-Наср”-и Саудӣ аст. Саудӣ нақша дорад, то 50 бозигарро аз 5 лигаи беҳтарин, махсусан, Португалия тобистони имсол ба кишвараш барои гузаронидани Чемпионати Арабистони Саудӣ биёрад. Ҳадафи асосӣ бозигаронеанд, ки шартномаашон бо бошгоҳҳои феълӣ дар тобистон ба охир мерасад. Роберто Фирмино («Ливерпул»), Илкай Гюндоган («Манчестер Сити»), Адама Траоре («Вулверз»), Йерри Мина ва Абдула Дукуре («Эвертон») аз ин ҷумлаанд. Мушкилоти молии бархе аз бошгоҳҳои аврупоӣ барои тимҳои Саудӣ имконоти нави интиқолро боз кардааст.
Тақрибан ҳамаи бошгоҳҳои Арабистони Саудӣ ҳоло дар ҳайатҳои худ ҳашт шаҳрванди хориҷӣ доранд, ки ин ҳадди аксар квотаи иҷозатдодашуда мебошад. Интизор меравад, ки теъдоди хориҷиён дар Лига дар тобистон ба таври назаррас боло равад. Барои ин ҳоло намояндагони клубҳо барои ҷалби бозигарон аз Испания, Марокаш ва Колумбия гуфтушунид кардаанд.
Дар мавриди маоши онҳо Вазорати варзиши кишвар иттилоъ додааст, ки сарфи назар аз маоши калоне, ки Роналду дар «Ал Наср» мегирад ва ба Месси аллакай пешниҳод кардаанд, ба дигар бозигарон чунин маблағ пешниҳод карда намешавад, зеро Роналду ва Месси истисно ҳисобида мешаванд. Бо ин кораш Саудӣ нияти роҳ ёфтан ба садри ҷадвали Чемпионати ҷаҳонро дорад, - хулоса кардааст ниҳоди варзишии кишвар.