Тавре ки иттилоъ додем, ҷасади Шӯҳрат Исматуллозода, муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” пас аз 1,5 моҳи ҷустуҷӯ пайдо шуд. Дар ин бора Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки ҷасади Исматуллозода аз шаҳри Панҷакент пайдо шуда, шахсияти ӯро аз рӯйи дандонаш муайян карданд.
“Ҷасади Исматуллозода дар ҷазирачаи байни дарё дар минтақаи Саразм ду рӯз қабл пайдо шуд. Духтури дандон низ тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат се дандонро ба ӯ вай гузоштааст, ки аз рӯйи он шахсияташ дақиқ шуд” - гуфт Юсуф Раҳмон.
Ба иттилои манбаъ, вобаста ба пурратар гардонидани шахсияти ӯ ташхисҳои дигар низ таъйин шудааст ва дар рӯзҳои наздик иттилои муфассал дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, саҳифаи “Парвиз ТВ” дар телеграммаш дар мавриди дарёфти ҷасад баъзе ҷузъиётро ошкор кардааст. Ба иттилои шабакаи мазкур, ҷасадро се нафар марди сокини ин шаҳр, ки ба моҳидорӣ рафта буданд, дарёфт кардаанд.
“Ҷасад то он дараҷае вайрон шудааст, ки зан ё мард будани ҷасадро дар ҷойи ҳодиса муайян карда натавонистаанд”, - навиштааст манбаъ.
Гуфта шудааст, ки онҳо баъди дарёфти ҷасад зуд ба мақомоти қудратӣ занг зада, хабар додаанд ва ҳамин тавр, баъди ҷустуҷӯи дароз ниҳоят ҷасад ёфт шуд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 23 июни соли 2023, соати 20:10, дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе аъзои гуруҳи ҷиноятпеша муовини раиси "Ориёнбонк"-ро зӯран ба автомашина савор намуда, бурдаанд.