Сад хаёл
Хаёлҳои печида, Ансорро ба дуриҳои дур мебурданд, ба ёдаш айёме мезад, ки ӯ гули сари сабади маҳфилу маъракаҳо буду атрофаш пури дӯсту ҷӯраву рафиқ. Имрӯз бемору бистариву ранҷур аст, аз зиндагияш шикояте надорад, аммо…
Духтури ҷавон зуд-зуд аз авҳолаш хабар мегирифту ҳамроҳаш шухӣ мекард, вале таҳти дили Ансор сип-сиёҳ буд. Кӣ мегуфт, ки замоне фаро мерасаду ӯ, Ансор Нисори машҳур ин қадар бечораю зор ва аз пойи равон маҳрум мешавад? Ду сол боз ҳамсари фармонбардору порсояш ӯ ва ин дунёро тарк кардааст, писару духтараш пайи рӯзгори худашон, ҳарчанд бо падар хеле меҳрубонанду кӯшиш мекунанд олами танҳоияшро пур созанд, аммо ҳофиз худро сахт танҳо эҳсос мекунад. Пушти пардаи танҳоӣ симои он нафаронеро, ки ҳангоми ситораи саҳна ва шуҳратёр буданаш атрофаш парвона буданд, пеши назар меорад. Аз ҳама зиёдтар пушти пардаи ашк чеҳраи зебои Нигор- мухлисдухтари нозанинаш, ки ба хотири ӯ тайёр буд ҷонашро диҳад, намудор мегардад. Ансор ҳама бадбахтиҳои худро дар он мебинад, ки бо эҳсоси олии ин бону бозӣ карда буд. “Шояд маро дуои Нигор гирифт? Аниқ дуои ӯ гирифтааст”,- зери лаб пичиррос мезад ҳофизи пир…
Бачаи русто
Ансор зодаи деҳаи дурдасти кӯҳистон буд, дар кӯдакию наврасӣ кам-кам машқи суруд мекард. Азбаски падараш корманди ҳизбӣ ва ниҳоят ҷиддӣ буд, ҳаргиз намехост писараш ҳофиз шавад.
– Писарам дар авлоди мо ягон артист набуд ва ту низ ҳофиз намешавӣ! Агар ризояти маро хоҳӣ, ба Донишгоҳи кишоварзӣ дохил шав!
Ансор ҳамроҳи рафиқаш Азамат, ки рассом шудан мехост, ба пойтахт омад ва ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи санъат супорид. Шунидани садои диловезаш ҳакамонро тасхир кард ва бо як овоз ӯро ба донишкада шомил карданд. Падар баъди шунидани ин «хушхабар» бо писараш қаҳрӣ шуд, вале баъди шуҳратёр шудани ӯ ва аз даҳони мардум шунидани таърифу тавсифи зиёд дар бораи истеъдоди худодои фарзандаш ҳамроҳи Ансор оштӣ шуд. Воқеан мурғи шӯҳрат ба китфи ин ҷавони кӯҳистонӣ хеле зуд нишаст, ҳангоми дар курси дуюм хондан дар як консерти давлатӣ иштирок карду суруди дар васфи партияи ленинӣ хондааш ба масъулин писанд омад, ҳамин тавр ӯ дар қатори бузургтарин сарояндагони давр роҳ ёфт. Дар курси чорум мехонд, ки ӯро барои кор ба беҳтарин ансамбли давлатӣ даъват намуда, барояш хонаи якҳуҷрагӣ низ доданд. Падару модараш бо шунидаи ин хабари хуш барои муборакбодаш омаданд. Падар барои хонааш ҷиҳози даркорӣ, аз қабили қолину ҷевон, яхдону телевизорро харидорӣ намуда, дар омади гап гуфт:
-Ту гапи маро нагирифта касби мехостаи худатро интихоб намудӣ, вале аз хотир набарор, ки келинро мо аз байни хешу табор ва шиносҳо интихоб мекунем, боз ҳаваси зани шаҳрӣ накунӣ!- Ансор аз тарси он, ки падарш боз қаҳрӣ нашавад, чизе нагуфт, ҳарчанд ин ҷо дӯстдошта дошт…
Иҷобат
Акнун Ансор ба маъракаҳои мардум даъват мешуду пул низ меёфт, он қадар зебо ҳам набошад, духтарони зиёде изҳори ишқ мекарданд. Ансор духтарбози гузаро буду ошиқҳояшро мисли дастпӯшак иваз мекард, барои ӯ ишқу муҳаббат афсона метофт. Аммо хуҷандидухтари ҳамсабақаш Афсона, Ансорро бо ҳама савҳу хатояш дӯст медошту мехост бо ӯ ҳамхона шавад. Ансор низ ба Афсона муҳаббате дошт, аммо амри падар воҷиб шуду ӯ ба духтараки ҳамдеҳаи худаш хонадор гашт. Афсона низ барқасди ӯ ба як ҳамшаҳрияш ба шавҳар баромада, ба Хуҷанд рафт, пас аз ин воқеа по мондан ба рӯйи дӯстдории духтарҳои содда кори муқаррарии ҳофизи шуҳратёр гашт. Ҳамсараш Иҷобат бонуи ҳалиму меҳрубон ва ниҳоят хоксор буд, қариб ки аз хона намебаромад. Тарбияи ду фарзанд, кору бори хона, меҳмон пешвозгирию гуселкунӣ аз ҳамин қабил корҳои занонаро вазифаи ҷонии худ медонист. Ба корҳои ҳамсари ситорааш умуман дахолат намекард, ҳемеша дар хизматаш тайёр буд. Барои Иҷобат шунидани овозаҳои ишқбозии шавҳар, хиёнатҳои ӯ вазнин бошад ҳам, шукр мекард, ки шавҳараш ӯ ва фарзандонашро азиз медорад.
Давом дорад