Ҳангоми бартараф намудани оқибатҳои офати таббиӣ дар минтақаҳои зарардидаи Тоҷикистон ҷасади 4 нафари дигар пайдо шуд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.
Ҳамин тавр, шумораи ҳалокшудагон аз ин офати табиӣ ба 21 нафар расид, ки дирӯз ин теъдод 17 нафар гуфта шуда буд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар як гузориш гуфт, имрӯз ҷасади 2 нафари дигар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 кас дар ноҳияи Варзоб пайдо шуд.
Ба иттилои ин манбаъ, дар миёни ҷасадҳои пайдошуда як кӯдаки 40-рӯза низ будааст.
Бояд гуфт, ки дар маҷмуъ дар шаҳри Ваҳдат 17 нафар, дар навоҳии Рӯдакӣ ва Варзоб 2 нафарӣ аз ин офати табиӣ ба ҳалокат расиданд.
Ёдовар мешавем, ки 27 август бар асари боридани борони зиёд дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ офати табиӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 13 нафар одамон, аз ҷумла 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расиданд.
Дар робита ба ин мусибат, ҳамон рӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намуданд.