Сабина Тозия, ҳунарпешаи турки македонитабор, санаи 10-уми августи соли равон, дар синни 75-солагӣ даргузаштааст.
Тамошобинон ӯро дар нақши Афифа-хотун аз силсилафилми бисёрсериягии “Асри мӯҳташам” (“Великолепный век”) мешиносанд. Марям Узерлӣ, иҷрокунандаи нақши Хуррам-султон аз марги ҳамкасби худ дар Инстаграм хабар дода, чунин навиштааст: “Мо ҳамроҳ рӯи се лоиҳаи бузург кор карда будем. Ту рафтиву қалби ман шикаст”. Сабина Тозия, ки ахиран дар силсилафилми “Мафия наметавонад ҷаҳонро идора кунад” нақшофарӣ мекард, дар майдони сабт аз ҳуш меравад ва ӯро ба беморхона интиқол медиҳанд.
Ҳунарпешаро дар шуъбаи эҳё бистарӣ карда, сабаби аз ҳуш рафтанашро варами мағзи сар ташхис ва ҷарроҳӣ мекунанд. Ӯ ҷарроҳиро гузаронида, аз идомаи нақшофарӣ даст мекашад ва ба зодгоҳаш Македония меравад, то табобатро дар он ҷо идома диҳад. Сабаби маргаш низ маҳз ҳамин бемориаш гуфта мешавад. Сабина Тозия соли 1969 ба синамо рӯй оварда, дар наздики 40 филму силсилафилм нақшҳои хотирмон офаридааст.