Arzon march 2024
Ҳунармандони тоҷик дар филми нави эронӣ нақш мебозанд
112

Синамогарони Эрон 10 нафар ҳунармандони тоҷикро барои иштирок дар кастинг даъват намудаанд, ки дар байнашон ҳунармандони машҳури тоҷик Қурбони Собир, Таҳмина Раҷабова ва Сайёра Сафарӣ ҳастанд.

Дар сурати аз кастинг гузаштан, ин 10 ҳунарманди тоҷик дар як филми нави эронӣ нақш мебозанд.

Зимни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки дар соли 2024 дар киностудияи “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо синамогарони Эрон ва Русия филми нав бо номи “Моҳӣ дар шаст” ба навор гирифта шудааст.

Директори киностудияи “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ба ин филм баҳои баланд дода, гуфт, боварии комил дорад, ки филми мазкур соли 2025 дар чандин синамоҷашнвораҳои байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо мегардад.

Гуфта шуд, ки дар соли 2024 филмҳои “Тоҷикфилм” соҳиби 20 ҷоизаи байналмилалӣ гаштаанд. Танҳо филми ҳунарии “Дов” тӯли 2 соли охир 25 ҷоизаи байналмилалиро ба даст овардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД