Имрӯз яке аз чеҳраҳои машҳури санъати тоҷик, ҳунарманди хушсадо Қобилҷон Зарипов ҷашни зодрӯз дорад.
Қобилҷон Зарипов яке ҳунармандони асиле мебошад, ки барои рушди санъати тоҷик саҳми босазои хешро гузоштааст. Ин марди ҳунар 24-уми июли соли 1966 дар яке аз зеботарин мавзеъҳои Тоҷикистон - ноҳияи Айнӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Мо бахшида ба ҷашни милоди устод ба эшон занг зада, ӯро бо ҷашни милодаш аз номи кулли кормандон ва мухлисони сомонаи Оila.tj муборакбод гуфтем. Қобилҷон Зарипов аз табрикоти аҳли эҷоди сомона ва мухлисон хеле хурсанд шуда, миннатдорӣ намуданд.
Эшон зимни суҳбат гуфтанд, ки зодрӯзашонро дар доираи аҳли оила ва дӯстону пайвандон бо дарназардошти танзим, бо дастархони камхарҷ ҷашн мегиранд. Инчунин ёдовар шуданд, ки аввалин шуда духтарашон ҳамроҳи домодашон ва ҳамсару дигар фарзандонашон бахшида ба рӯзи зодрӯзашон табрик намуданд.
Ҳамзамон, ҳунарманд қайд карданд, ки рӯзҳои наздик як дуэт ҳамроҳи писарашон Комилҷон Зарипов ба мухлисони санъат ва дӯстдорони савту наво пешкаш месозанд.
Мо бори дигар аз номи кулли мухлисони санъати тоҷик ҳунарманди хушовози тоҷик Қобилҷон Зариповро ба ҷашни милод муборакбод гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ ва парвозҳои баланди эҷодӣ таманно дорем!