Чандрашекҳар Вайдя, коргардон ва ҳунарманди 98-солаи ҳинд, санаи 16-уми июни соли равон, дар шаҳри Мумбай аз олам даргузаштааст.
Сабаби марги ӯ на ягон бемории ҷиддӣ, балки оризаҳои маъмулии синнусолӣ гуфта мешавад. “Ҳафтаи гузашта ҳамагӣ як рӯз дар беморхона бистарӣ шуд. Ӯро ба хона овардем ва ба ҳама ҳолат омода будем, аммо бе ягон дарду беморӣ ҷон дод”,-гуфтааст писари марҳум Ашок Чандрашекҳар дар суҳбат бо хабаргузории “India Express”. Ашок Чандрашекҳар, ягона фарзанди ҳунарманд ва продюсери маъруфи ҳинд, дар як ширкати баргузоркунандаи ҷашну маросимҳо кор мекунад. Шактӣ Арора, ягона писари Ашок бошад, касби бобояшро интихоб намуда, ҳунарманд аст.
Чандрашекҳар соли 1922 дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон ба дунё омада, дар давоми умри пурбаракати хеш дар зиёда аз 70 филми ҳиндӣ нақшҳои ҷаззобу хотирмон офаридааст. Яке аз филмҳои маъруфи ҳунарманд филми “Раққоси дискотека” (“Танцор диско” ё худ “Танцовщица дискотеки”) мебошад, ки соли 1982 рӯи навор омадааст. Давраи фаъолияти ҳунарманд солҳои 1950-1993-ро дар бар мегирад. Наздики 28 соли охир ӯ дар ягон филм нақш наофаридааст.