arzon replenishment
Умар: Аввалин калимаи модарам баъди беҳушӣ номи ман буд
660


Дар Амороти Муттаҳидаи Араб зане пас аз 27 соли беҳушӣ ба ёд омадааст. Аз ӯ Мунира Абдуллоҳ ном бурда мешавад.

Ӯ соли 1991 ба садамаи нақлиётӣ дучор шуд, ки он замон 32 сол дошт. Мошине, ки бародари шавҳараш онро идора мекард, ба автобус бархӯрд. Мунира ва писараш Умар дар курсии қафо менишастанд. Пеш аз садама вай тавонист писарашро бо бадани худ пӯшонад, то ӯро муҳофизат кунад.

“Ман аз вай даст накашидам. Ҳамеша ҳис мекардам, ки вай рӯзе бедор мешавад. Бинобар ин, тасмим гирифтам, ки саргузашти ӯро нақл кунам, то мардум, агар наздиконашон ба чунин вазъият дучор шаванд, умедашонро аз даст надиҳанд ва онҳоро бо мурдагон баробар накунанд”, - нақл кардааст Умар.

Бино ба нақли ӯ, Умар ва модараш ҳамон замон дар курсии қафо нишаста буданд ва вақте дид, ки садама рух медиҳад, ӯро ба оғӯш гирифт, то аз зарба муҳофизат кунад. Дар натиҷаи садама сараш зарбаи сахт мегираду ва 27 соли умри худро дар кома гузаронид. Мунира соли гузашта ба ёд омад”, - ёдовар шуд Умар.

Пас аз ҳодаси нохуши садама Мунира дар бемористон бистарӣ шуд ва дертар ба Лондон интиқол ёфт. Пас аз он Мунира ба Аморати Муттаҳидаи Араб, ба шаҳри Ал-Айн, ки дар он ҷо зиндагӣ мекард, интиқол дода шуд ва тибқи суғуртаи худ дар беморхона бистарӣ шуд. Дар он ҷо вай якчанд сол монд. Мунира гоҳ-гоҳ сеансҳои физиотерапевтӣ мегирифт, то мушакҳояш аз маҳвшавӣ нигоҳ дошта шавад.

Соли 2017 ба хонаводаи Мунира аз ҷониби Додгоҳи валиаҳд грант пешниҳод шуд. Маъмурият барои интиқоли ӯ ба Олмон пул пешниҳод карданд. Дар он ҷо вай барои пешгирии рушди дистрофия якчанд ҷарроҳӣ шуд ва барои беҳтар кардани ҳолати умумии ӯ доруҳо дода шуданд.

«Пас аз се рӯз аз хоб бедор шудам, ки касе номи маро мегирад. Ин лаҳзае буд, ки ман солҳо орзу мекардам. Аввалин калимаи ӯ номи ман буд. Модарам оҳиста-оҳиста ба худ омад. Имрӯз вай метавонад сӯҳбат кунад, аммо ҳанӯз ҳам дардро ҳис мекунад”, - гуфтааст писари зан.

Мунира ба Абу-Даби баргашт ва ҳоло барои барқарор кардани қобилияти нишастан ба таври муқаррарӣ ба табобати физиотерапевтӣ фаро гирифта шудааст.
Тибқи хулосаи табибон хеле кам ҳолатҳое ҳастанд, ки одамон пас аз чанд соли кома ба ҳуш меоянд. Ҳатто агар ин рӯй диҳад ҳам, муҳлати барқароршавӣ метавонад дароз бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД