Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Улуғбек Раҳматуллоев
Сол ва ҷойи таваллуд: 29.01.1982, шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Касб: ҳунарманд ва овозхон
Унвон: Ҳунарманди хизматнишондодаи Ӯзбекистон (2016)
Ҷоиза: 2 ҷоизаи “Беҳтарин овозхони сол” (солҳои 2007-2014)
Вазъи оилавӣ: оиладор ва соҳиби ду фарзанд
-Улуғбек, вақте бо шарҳи ҳолатон ошно мешудам, як чиз диққати маро ҷалб кард. 11 соли таҳсили шумо дар мактаби миёна, дар панҷ муассисаи таълимӣ гузаштааст...
-Бале, ду соли аввал дар мактаби №265 таҳсил кардам. Баъдан ба мактаби №8 рафтам. Як муддат дар мактаби №129 хондам. Пасон таҳсилро дар Литсейи ба номи Алишери Навоӣ идома додам. Дар охир боз ба мактаби №8 баргаштам ва онҷоро хатм намудам.
-Сабабашро шарҳ дода метавонед?
-Сабабаш ҳамин буд, ки таҳсилро дӯст намедоштам. Фақат фанни суруд ва мусиқиро аз дилу ҷон мехондаму тамом. Волидонам фикр мекарданд, ки бо иваз кардани мактаб ман тағйир меёбам, аммо ман ҳамон Улуғбек будам ва ҳеҷ тағйир ёфтан намехостам. Ҳушу ёдам ба суруду мусиқӣ банд буд ва аз дигар фанҳо нафрат доштам.
-Яъне, аз хурдсолӣ ба ин касб шавқ доштед, ҳамин тавр?
-Ёдам ҳаст, вақте маро ба боғча мебурданд, аз ҳамон замон ба суруду мусиқӣ ҳавас доштам. Шояд бовар накунед, вале дар боғча ман роҳбари дастаи ҳаваскорон будам. Худам кӯдак, боз ба кӯдакони ҳамсинну солам нозукиҳои мусиқиро меомӯзондам ва пайваста тамрин мекардем. Дар хона низ мустақилона суруд мехондам.
-Вале мактаби миёнаро хатм карда, ба Донишкадаи шарқшиносии Тошканд ҳуҷҷат супоридед...
-Бале, ин кор барои ҳама, ҳатто барои падару модарам ғайричашмдошт буд. Онҳо интизор буданд, ки ман ба соҳаи санъат ҳуҷҷат месупорам. Хостам, ки шуғли дигареро аз худ кунам, зеро бе ин ҳам аз суруду мусиқӣ бохабар ва тамоми нозукиҳои онро медонам. Бо ҳамин мақсад ба факултаи таърихи Донишкадаи шарқшиносии Тошканд шомил шудам.
-Нахустин таронаи шумо ҳамчун овозхони касбӣ кай рӯи кор омад?
-Замони донишҷӯиям бо оҳангсоз Фаррух Бадалбоев шинос шудам. Маҳз ҳамин кас сабаб шуданд, ки роҳи ман ба олами мусиқии ҳақиқӣ боз шуд. Бо Фаррух кор кардем ва нахустин суруди ман соли 2000-ум бо кӯмаки он кас рӯйи кор омад, ки “Bu alam” ном дошт. Таронаи баъдиям “Yorim” буд.
-Дар барои ҳаёти шахсиатон қариб, ки маълумоте надорем. Чаро намехоҳед, ки мухлисонатон аз ҳаёти пасипардагиатон огоҳ бошанд?
-Ҳар як мухлис бояд пайгири ҳунару навгониҳои ҳунарманди дӯстдоштааш бошад, на ин ки ба ҳаёти шахсии ӯ мароқ зоҳир кунад. Дар бораи зиндагии ман чиро донистан мехоҳанд? Соли 2010 оиладор шудам ва оилаам то ҳол побарҷост. Соҳиби ду фарзанди нозанину дӯстрӯяк ҳастам. Сарҷамъӣ ва хурсандии хонаводаро дидаву дуои бузургонро гирифта, корамро идома дода истодаам.
-Соли 2018 “Ӯзбекконсерт” иҷозатномаи фаъолияти шуморо қатъ кард ва сабаби инро расман шарҳ надод. Худатон дар ин бора як-ду сухан гуфта метавонед?
-Як нофаҳмии хурдакак миёни ману “Ӯзбекконсерт” буд, ки хушбахтона паси сар шуд. Гузаштаро имрӯз ба ёд овардан маъное надорад. Муҳимтар аз ҳама, дигарбора иҷозати фаъолиятро ба даст овардам ва гӯиё чизе нашуда бошад, аз пайи кор ҳастам.
-Агар дар назди шумо шарт гузоранд, нақшофарӣ дар филмҳоро интихоб мекунед ё овозхониро?
-Албатта, сарояндагиро интихоб мекунам. Нақшофарӣ дар филмҳо бароям аввалиндараҷа нест. Аслан, ҳамааш санъат аст, вале мо бештар ба ҳамоне такя мекунем, ки ба диламон наздик аст.