Arzon march 2024
Ҳукумати Амрико дастрасиро ба оби тозаи нӯшокӣ дар ноҳияи Ҷомӣ баланд мекунад
13.12.2024
промо
875

Ҳукумати Амрико дастрасиро ба оби тозаи нӯшокӣ дар ноҳияи Ҷомӣ баланд мекунад

Ноҳияи Ҷомӣ, Тоҷикистон, 13 декабри соли 2024 – Ҳукумати Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) шабакаи навбунёди таъмини оби нӯшокиро дар Деҳаи Гулистони ноҳияи Ҷомӣ ифтитоҳ намуда, 1860 нафар (309 хонавода)-ро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намуд. Ин иқдом як қисми фаъолияти Лоиҳаи USAID оид ба дастгирии таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот мебошад, ки шабакаҳои таъмини оби нӯшокиро дар 12 ҷамоати саросари Тоҷикистон бо истифода аз инноватсия тавассути шарикии давлат ва бахши хусусӣ баҳри таъмини устувории хадамот барқарор мекунад.

Қабл аз ин иқдом, танҳо 86 хонавода ё тақрибан 550 нафар ба шабакаи таъмини оби нӯшокии деҳа дастрасӣ доштанд. Аҳолии боқимондаи деҳа бошад, дар дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ мешуданд, ки боиси паҳншавии бемориҳои сироятӣ гардид ва бояд ин масъала фавран ҳалли худро меёфт. USAID оператори хусусии оби ноҳияи Ҷомиро дар барқарорсозӣ ва тавсеаи шабакаи таъмини оби нӯшокӣ, ҷорӣ намудани системаи электронии бақайдгирии пардохти хизматрасонӣ ва насби обченкунакҳо дар хонаводаҳо бо мақсади таъмини хизматрасонии самаранок ва дастрасии баробар ба оби ошомиданӣ барои аҳолӣ дастгирӣ намуд.

Дар маросими ифтитоҳи лоиҳа Директори Намояндагии USAID дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Риордан қудрати табдилдиҳандаи ҳамкорӣ ва дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатарро таъкид карданд. “Иқдоми мазкур шаҳодати он аст, ки ба кадом дастовард метавон ноил шуд вақте мо ҷанбаҳои пурқуввати ҳам бахши давлатӣ ва ҳам хусусиро барои як мақсади муштарак муттаҳид мекунем. USAID ифтихор аз он дорад, ки дар ин иқдомҳои ояндасоз ӯ на танҳо барои беҳбуди саломатии мардуми тоҷик саҳмгузор аст, балки шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва тавонмандии ҷомеаҳои маҳаллиро низ тақвият мебахшад.”

Дар зарфи панҷ соли охир USAID 30 шабакаи таъмини оби нӯшокиро дар саросари кишвар барқарор ва таҷдид намуд, ки ин шабакаҳо беш аз 100 000 нафарро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин менамоянд. USAID дастрасии аҳолии кишварро ба оби тозаи нӯшокӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон афзоиш медиҳад. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дар уҳдадории худ барои тавсеаи дастрасӣ ба оби нӯшокӣ дар саросари кишвар, таъмини ояндаи солим барои тамоми ҷомеаҳо устувор боқӣ мемонад.

----

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон: https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook: https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ мутолиа намоед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД