Arzon march 2024
UЅАІD шабакаи таъмини оби деҳаи Роҳатии ноҳияи Рӯдакиро баъди таҷдид ифтитоҳ кард
412

 

Имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (UЅАІD) шабакаи нави таъмини оби нӯшокӣ дар деҳаи Роҳатӣ ифтитоҳ шуд.

Дар маросими ифтитоҳи шабака Роҳбари намояндагии UЅАІD дар Тоҷикистон Питер Райли ва муовини раиси ноҳия Бахтиёр Рустамзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр шуд, ки шабакаи нав беш аз 3 000 нафар (455 хонавода)-ро бо оби нӯшокӣ таъмин менамояд ва ин яке аз 12 шабакаи таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот ба шумор меравад, ки аз ҷониби UЅАІD тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҷдид ва дастгирӣ шуда, нигоҳдорӣ ва устувории он таъмин мегардад.

Роҳбари намояндагии UЅАІD дар Тоҷикистон Питер Райли зимни суханронии худ қайд намуд, ки Ҳукумати Амрико бар ин назар аст, ки ҳар як шахс ҳуқуқ дорад ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ дошта бошад: “UЅАІD кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дастрасии бештари аҳолиро ба оби нӯшокӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон зиёд намояд. Уҳдадориҳои UЅАІD оид ба баланд бардоштани масъалаҳои дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ, шаъну шараф, адолат ва муҳити зист аҳамияти бузург доранд”.

Бахтиёр Рустамзода аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки дар пайравӣ ба дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат баҳри таъмини сокинон бо оби тозаи нӯшокӣ масъулини ноҳия ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва ин шабака маҳсули ҳамин ҳамкориҳост.

Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмин намудани устувории шабакаи мазкур, UЅАІD барои баланд бардоштани иқтидори оператори иншооти мазкур дар таҳияи нақшаи тиҷоратӣ барои рушди шабакаи таъмини об, муаррифӣ намудани низоми пардохти электронӣ ва насби обченкунакҳо мусоидат намуд.

Бахтиёр Иномов, роҳабари Лоиҳаи UЅАІD оид ба дастгирии таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот гуфт, ки дар зарфи панҷ соли охир UЅАІD 30 шабакаи таъмини оби нӯшокиро дар саросари кишвар барқарор ва таҷдид намуд, ки ин шабакаҳо беш аз 100 000 нафарро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки шабакаи мазкур соли 1986 сохта шуда, аз обанбор, резервуари оби ошомиданӣ ва шабакаи тақсимоти об иборат буда, ба хоҷагии деҳқонӣ дохил мешуд. Аммо бо сабаби истифодаи тӯлонӣ обанбори оби тозаи нӯшокӣ зуд-зуд вайрону фарсуда шуда, шабакаи таъминоти оби нӯшокӣ аз фаъолият баромад. Ҳамин тавр, лоиҳаи UЅАІD таҷдиди шабакаи таъмини оби нӯшокиро дар қисмати поёни деҳа ба анҷом расонид. Лоиҳа 3076 сокини деҳаро ба шабакаи таъмини оби нӯшокӣ пайваст намуд.

Ин шабака дар доираи низоми шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҷдид шуда, ба сифати оператори шабакаи таъмини оби нӯшокӣ -ҶДММ “Сафина-Н” интихоб гардид. Оператор дар давоми амалишавии лоиҳа бо дастгирии маблағгузор ду чоҳро тоза намуда, бинои павилёни чоҳро сохт ва обкаши онро иваз кард. Ҳамзамон, барои безараргардонии оби нӯшокӣ бактерисид насб шуда, манораи об ва шабакаи тақсимотӣ сохта шуда, як адад стабилизатори шиддат, 80 адад қуттиҳои оҳанин ва 455 обченкунакҳо насб гардиданд.

ҶДММ «Сафина Н» ҳамчун оператори хусусӣ пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ ду чоҳро барқарор намуда, утоқи корӣ сохт ва роҳҳоро таъмир намуд.

Лоиҳа бо мақсади фаъолияти устувори шабакаи таъмини оби нӯшокии деҳаи Роҳатӣ як қатор чорабиниҳоро ба анҷом расонид. Дар натиҷа, сифати хизматрасонӣ беҳтар гардид, ки ба сокинони деҳа имкон дод, то онҳо низ дар татбиқи раванди назорати идоракунии таъминоти об иштирок кунанд. Илова бар ин, Шӯрои машваратии истеъмолкунандагон бо қарори ҷамоати деҳот аз 10-уми июли соли 2023 таъсис ёфт. Шӯро ҳамчун воситаи робита миёни оператор ва истеъмолкунандагон хизмат мекунад.

Ба зикри масъулин, UЅАІD дар оянда низ дастрасии аҳолии кишварро ба оби тозаи нӯшокӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон афзоиш медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД