formula
Турсунзода: Ду чӯпони 18 сола қурбонии сел шуданд
1643

 

Бар асари боридани борони шадид дар деҳаи Чашмаи шаҳри Турсунзода, сел ҷони ду ҷавони 18 соларо, ки дар теппаҳои ин мавзеъ ба молбонӣ машғул буданд, рабуд.

Баъд аз зуҳури 6-марти соли ҷорӣ, бар асари боронҳои шадид аз теппаҳои наздикии деҳаи Чашмаи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода сел омад.

Вақти сел омадан, ду чӯпони ин деҳа, ки 18 сол доштанду кушиш намуданд, ки аввал ҷони молҳои худро халос намоянд, вале онҳо ин имконро пайдо накарда, ҷони худро аз даст доданд. Ҳамчунин дар ин ҳодиса 10 сар чорвои хурд ҳам нобуд шуд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД