Formula novemver 2024
Туркия: 15-уми июл - Рӯзи демократия ва ваҳдати миллӣ
15.07.2024
ОИЛА.ТҶ
228

Барои дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муборизаи Туркия бар зидди терроризм миннатдории хешро баён менамоем!

Имрӯз, 15-уми июл дар Туркия Рӯзи демократия ва ваҳдати миллӣ аст. 8 сол пеш, 15-уми июли соли 2016 Туркияро кӯшиши табаддулоти хунини низомӣ такон дода буд. Бар асари ин кӯшиши табаддулоти хиёнаткорона 251 нафар кушта, ҳазорон нафар ҷароҳат бардошта, миллионҳо нафар зарбаи сахтеро аз сар гузарониданд.

Дар паси кӯшиши табаддулот созмони террористии ФЕТО таҳти роҳбарии Фатулло Гюлен буд, ки аз соли 1999 дар ИМА умр ба сар мебарад. ФЕТО як созмони террористии хоин аст, ки аз хадамоти истихбороти хориҷӣ маншаъ мегирад.

Рӯзи 15-уми июл аъзои ФЕТО, ки ба неруҳои мусаллаҳи мо ворид шуда буданд, аслиҳаи худро алайҳи миллати мо истифода карданд. Онҳо кӯшиш карданд, ки ба Президенти кишварамон сӯиқасд анҷом диҳанд. Онҳо ба кортеҷи Сарвазири мо ҳуҷум карданд. Онҳо бинои Парлумони мо, Маҷмааи Президентӣ, биноҳои истихборотӣ ва полиси моро бомбаборон карданд.

Маркази амалиёти вижаи полис дар Анқара аз сӯи ҳавопаймоҳои ҷангӣ бомбаборон шуд, ки дар натиҷа 55 афсари полис кушта ва садҳо нафар маҷруҳ шуданд.

Сокинони ғайринизомӣ, ки алайҳи кӯшиши табаддулот дар шаҳрҳои Туркия эътироз мекарданд, тирборон ва кушта шуданд.

IMG-20240712-WA0006

Аз соли 2016 инҷониб ҳар рӯзи 15-уми июл мо хотираи қурбониёнро пос медорем ва аз қаҳрамониву шуҷоати миллати худ истиқбол менамоем. Ин аст, ки 15-уми июл Рӯзи демократия ва ваҳдати миллӣ аст.

Фатулло Гюлен ва тарафдоронаш, ки худро бо ниқоби неки ҷунбиши маорифпарварона пӯшонида буданд, мутаассифона, дар Туркия, Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон ҳазорон мактаб, ҷойҳои корӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳо таъсис доданд. Онҳо барои ворид шудан ба мансабҳои муҳими давлатӣ, аз қабили шуъбаҳои полис, артиш ва адлия, имтиҳонҳоро бо ҳиллаву найранг сӯйистифода карданд. Онҳо ширкатҳои марбут ба ин созмон таъсис дода, тоҷиронро барои маблағгузории фаъолияти худ истифода мекарданд.

Бисёре аз мансабдорони давлатӣ дар Туркия танҳо ба хотири итоат накардани ин созмон тавассути расонаҳои ФЕТО мавриди ҳадаф ва таҳқир қарор гирифтанд, аз вазифаҳои худ дур карда шуданд.

Онҳо бахши аъзами ҷомеа, бахусус сиёсатмадорон, тоҷирон ва рӯзноманигоронро бо гӯш кардани телефонҳои ғайриқонунӣ, далелҳои сохта ва боздоштҳои ғайриқонунӣ таҳдид ва шантаж мекарданд.

Бисёр одамони бегуноҳ, ки дигар ба ин туҳматҳо тоқат карда натавонистанд, даст ба худкушӣ заданд.

Фош кардани системаҳои иртиботи махфии аз ҷониби аъзои ФЕТО истифодашаванда ва ба ин васила ба даст овардани дастури ФЕТО барои мо ошкор кардани нақшаҳои онҳо ва гузаронидани тафтишот алайҳи онҳо осонтар шуд.

Тарзи амалиёти сохторҳои марбут ба ФЕТО дар тамоми ҷаҳон яксон аст. Азбаски онҳо ҳадафи ворид шудан ба ниҳодҳои давлатӣ ва густариши нуфузи иқтисодию сиёсии ҷаҳонии худро доранд, барои ҳар кишваре, ки дар он фаъолият мекунанд, ба амнияти он кишвар мустақиман таҳдид мекунанд.

Мактабҳо барои ФЕТО бо ду сабаб хеле муҳим буданд: захираҳои инсонӣ ва маблағгузорӣ.

Тавассути мактабҳо онҳо тавонистанд кӯдакони дурахшонтаринро дар кишварҳои фаъолиятдошта бодиққат интихоб кунанд, то ба оянда таълим диҳанд ва ҷалб кунанд.

Мактабҳо низ хеле муҳим буданд, зеро онҳо миқдори зиёди даромад ба даст меоварданд.

Ба шарофати ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон ин мактабҳо ё баста шуданд ва ё ба ихтиёри Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон супорида шуданд.

Аъзои аршади ФЕТО Тоҷикистонро тарк карданд.

Мехоҳам ба Президент Раҳмон ва давлати Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва ҳамбастагии Тоҷикистон бо кишвари мо дар мубориза бо ФЕТО изҳори сипос намоям.

Ман шаҳидонамонро, ки рӯзи 15-уми июл ҷони худро аз даст додаанд, бо раҳмату сипос ва собиқадоронамонро бо эҳтиром ёд мекунам.

Худованд дигар ба чунин дард гирифтор накунад.

IMG-20240712-WA0007

ШАРҲ:

Барои дарёфти маълумоти бештар дар бораи ФЕТО метавонед ба манбаъҳои зерин муроҷиат кунед:

Аз қувваи халқ зӯртар қуввае нест, Дастгоҳи Президент - Раёсати иртиботот (https://iletisim.gov.tr/images/uploads/dosyalar/halkin-gucunun-ustunde-bir-guc-yoktur.pdf)

15-уми июл, сомонаи расмии Дастгоҳи Президент - Раёсати коммуникатсияи Президентӣ (https://15temmuz.gov.tr/en; https://15temmuz.gov.tr/en/archive/digital-library/books/15-temmuz-analiz-seta)

FETO/PDY, T.R дар 50 савол Вазорати корҳои дохилӣ, Ҷумҳурии Туркия - Раёсати стратегияҳои амнияти дохилӣ, нашрияҳои амнияти дохилӣ (http://icguvenlikyayinlari.gov.tr/terorizmle-mucadele)

«Демократия барои ҷавонон ва оилаҳо», 15 июль ва арзишҳои мо, Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Туркия - Раёсати стратегияҳои амнияти дохилӣ, нашрияҳои амнияти дохилӣ (http://icguvenlikyayinlari.gov.tr/terorizmle-mucadele)

ФЕТО: Ташкилоти Террористии Фатулло, Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Туркия - Раёсати стратегияҳои амнияти дохилӣ, нашрияҳои амнияти дохилӣ (http://icguvenlikyayinlari.gov.tr/terorizmle-mucadele)

 

Умут АҶАР,

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД