Қобилҷон Зарипов ва Эркин Одинаев - ду сарояндаи маҳбуби тоҷик дуэти навбати хешро бо номи "Ин духтарака бинед" пешкаши ҳаводорони савту наво мегардонанд.
Дар ин бора Комилҷон Зарипов, писари устоди ҳунар Қобилҷони Зариф ва Эркин Одинаев дар шабакаи Инстгарам хабар додаанд.
Ин тарона ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта аз ҷониби Қобилҷони Зариф суруда шуда, мухлисони зиёди худро дошт.
Комилҷон Зарипов зимни суҳбат бо сомонаи Oila.tj қайд намуд, ки кӯшиш мекунанд давоми ҳафта шакли пурраи таронаро ба мухлисон пешкаш намояyд. Клип дар шаҳри Хуҷанд сабт шудааст.