Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон 32000 нусха китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ ба нашр расонида шуда, ба таври ройгон ҳамчун туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар тақдим гардид.
Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо хабар доданд.
Афшин Муқим, намояндаи Кумитаи дин дар суҳбат қайд кард, ки Қуръоне, ки аллакай нашр шуд, нусха тарҷумаи устод марҳум Маҳмадҷон Умаров аст, ки онро аксари олимону коршиносони соҳаи дин хулосаи мусбат додаанд ва ҷои шаку шубҳа дар тарҷумаи он вуҷуд надорад.
“Дар кишвар ҳудуди чор ҳазор иттиҳодияҳои динӣ фаъолият мекунад. Қуръон дар нашриёти ЭРГРАФ ба таъб расидааст ва он ройгон тақсим карда мешавад. Дар оянда бо даст додани имкониятҳои молӣ онро чоп хоҳем кард", гуфт А.Муқим.
То соли 2014 ду сад ҳазор нусха китоби муқаддаси Қуръон бо забони тоҷикӣ нашр шуда буд ва он дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуда буд.