Маҳсулоти лозима:
2 дона тухм, 3 қошуқ шакар, 3 қошуқ асали тунук, ним қошуқча сода, 1,5-2 истакон орд. Барои малҳам: 600 грамм қаймоқи 24%, 0,5 истакон хокаи шакар.
Тарзи таҳия:
Барои омода намудани хамир тухму шакар ва асалро лат занед. Ба орди бехташуда содаро илова карда, ба хамир андозед. Ба қолаби тортпазӣ пешакӣ коғази пухтупазӣ тунук карда, баъдан хамирро рехта, дар тафдони ҳарораташ 180 дараҷа муддати 15-20 дақиқа пазед. Барои омода намудани малҳами торт қаймоқро бо хокаи шакар лат занед. Кулчаи пухташудаи тортро баъди хунук шуданаш ба 3 қисм бурида, ба ҳар қабат ва атрофаш малҳамро молед. Тортро бо мағзҳои реза оро диҳед.