Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 9-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
2708

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯз барои таҳкими робитаҳои корӣ ва шиносоиҳои нав муфид аст. Дар истифодаи пул сарфакор бошед ва як қисми даромади худро пасандоз кунед. Дар қабул кардани қарорҳое, ки ба ояндаатон вобастагӣ доранд, саросема нашавед. Дар қабули қарорҳо ояндаи наздиконатонро низ ба назар бигиред.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз танҳо барои ояндаатон нақша кашед, вале барои дар амал татбиқ кардани онҳо ҳанӯз барвақт аст. Эҳсоси худро дар худ нигоҳ доред, то вазъият печидатар нашавад. Саврҳо бояд ба мушкилиҳои ҳалталаби худ расидагӣ кунанд. Имрӯз низ дили дӯстдоштаатонро ба даст оварда наметавонед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз ба назди духтур равед ва дар фикри саломатии худ бошед. Агар гуфтаҳои табибонро сари вақт иҷро кунед, ҳолатон пас аз ду-се рӯз хуб хоҳад шуд. Агар хоҳед, ки муносибататон бо ҳамкорон дубора барқарор шавад, ин бор аз гуноҳи онҳо гузаред ва ҳушдор диҳед, ки дигар иштибоҳ накунанд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз қаҳру ғазаби худро ба сари ҳамкорон ва дӯстони наздики худ нарезед. Кӯшиш кунед, ки аз ҳад нагузаронед ва ба дағалӣ низ роҳ надиҳед. Хонаводаи худро сарҷамъ карда, барояшон бо дастони худ хӯрок пазед ва онҳоро зиёфат диҳед. Шаб барвақттар ба хоб рафта, барои рӯзи дигар қувваи кофӣ ҷамъ кунед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз асадҳоро лозим аст, ки ба маслиҳатҳои ҳамсари худ гӯш диҳанд ва ба гуфтаи ӯ амал намоянд. Баъзе асадҳо ба мулоқоти ошиқона мераванд ва шикорашон барор мегирад. Хаёлҳои пучу бемаъноро аз сари худ дур созед, зеро дар як рӯз ҳал кардани ҳамаи мушкилиҳо комилан ғайриимкон аст.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ситораҳо мегӯянд, ки эҳтимоли дар ин рӯз фош шудани якчанд сирру асрори шумо вуҷуд дорад. Хавотир нашавед ва ба вазъият нигоҳ карда, амал кунед. Кӯшиш кунед, худро аз нафароне, ки боиси ба ташвиш ва изтироб афтодани шумо мешаванд, ҷудо кунед. Бетараф бошед, то муносибататон бо касе вайрон нашавад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ба корҳои майда-чуйда машғул шуданро ба шумо тавсия намедиҳем. Шумо инсони комил ҳастед ва корҳои бузург зеби шумост. Ҳамон қадар ба муваффақият наздик шавед, ҳамон қадар мушкилиҳо садди роҳи шумо шудан мегиранд. Хотири наздикони худро бо туҳфае шод намоед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз эҳтимол дӯстонатон барои кӯмак пурсидан ба шумо муроҷиат кунанд. Агар кӯмаки бебозгашт кардан хоҳед, пас ба ёриашон шитобед. Гуфтушунидҳои кориро низ дар давоми рӯз ба нақша гиред. Идеяҳое, ки ба саратон меоянд, дар ягон ҷойи махфӣ қайд кунед, то фаромӯш насозед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз беқадр мешавед ва муносибати атрофиён бо шумо куллан тағйир меёбад. Кӯшиш кунед, ки ором бошед ва аз пашша фил насозед. Ба бепарвоии атрофиён аҳамият надода, бештар истироҳат кунед. Фаъолияти зеҳниатонро тақвият бахшед, дар ин ҳолат баланд бардоштани самаранокӣ кафолат дода мешавад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз бештар кор мекунед ва фоидаи хуб ҳам ба даст меоред. Ҳамчунин, рӯз барои оғози тиҷорати хурду бузург бобарор аст. Иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ ба корҳои шумо эҳсоси мусбӣ зам мекунад. Шом ба хабаргирии яке аз аъзои оилаатон, ки аз шумо ҷудо зиндагӣ мекунад, биравед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Далвҳо дар ин рӯз ҳама корҳои худро як сӯ гузошта, фақат ба мушкилиҳои шахсӣ таваҷҷӯҳ мекунанд. Барои сармоягузорӣ айёми мусоид аст. Истеъмоли ҳамагуна машруботро ба шумо манъ мекунем, зеро эҳтимоли заҳролуд шуданатон зиёд аст. Ба реҷаи хӯрокхӯриатон аҳамияти ҷиддӣ диҳед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз иҷозат надиҳед, ки нафарони аз худатон хурд ба шумо зӯрӣ кунанд ё шуморо ба зери итоати худ дароранд. Ҳам барои фаъолияти касбӣ ва ҳам барои муносибатҳои ошиқона вақти хуб аст. Сараввал корҳои таъҷилиро ҳал кунед ва баъдан аз пайи иҷрои дигар масъалаҳо шавед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД