Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 9-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
2881

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз аз рафтори дағалонаву нафратангези атрофиён ба шӯр меоед. Бо чанд нафаре, ки бо кӯмаки шумо мушкилоти худро ҳал кардан мехоҳанд, даст ба гиребон мешавед. Барои нафароне, ки дар ҷустуҷӯи кори иловагӣ буданд, рӯзи бобарор аст. Асабҳои худро эҳтиёт кунед ва ба хасташавӣ роҳ надиҳед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз бо вуҷуди он ки асабҳоятон харобу табъатон хира аст, кӯшиш намоед, ки бо нафаре муноқиша накунед. Давоми рӯз пули зиёд хароҷот мекунед ё нафаре бо мушкилоти молиявӣ ба шумо муроҷиат мекунад. Аз хотир набароред, ки асабхаробӣ ба саломатӣ зарари ҷиддӣ расонида метавонад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз мушкилиҳое, ки ба сари шумо меоянд, ба зане алоқамандӣ доранд. Ин зан яке аз наздикони шумост, ки ғаму дардашро бо шумо қисмат кардан мехоҳад. Имрӯз мардҳо бо занҳо забон ёфта наметавонанд. Якравию истодагариатон боиси нофаҳмиҳои зиёд шуда метавонад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Давоми рӯз дар ҳаёти саратонҳо ҳодисаҳои ногаҳонӣ сар мезананд. Дастгириву эътимоди ҳамкорон дар ҷои кор ва тиҷорат шуморо ба кор дилгармтар мекунад. Мутаассифона, нақшаеро, ки дербоз тарҳрезӣ мекардед, бо сабаби танбаливу фориғболиатон амалӣ намешавад.

Асад (23 июл-22 август)

Ҳодисаҳое, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, боиси саргардониҳои зиёд шуда метавонанд. Яке аз ҳамкоронатон бо суханҳои беандешаву бадхоҳонааш ба иззати нафси шумо мерасад. Агар ба маслиҳати ситораҳо гӯш диҳед, беҳтараш муносибати худро бо нафаре вайрон накунед ва ба созиш омаданро омӯзед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Сунбулаҳое, ки ба тиҷорат машғуланд, дар ин рӯз фоидаи хуб ба даст меоранд. Дар ин ҳолат як қисми фоидаи худро ба кори хайре сарф карда метавонед. Ба хурӯҷ намудани бемориҳои музмин иҷозат надиҳеду сари вақт ғизои дуруст тановул кунед. Аз шамолхӯрии гурдаҳо низ эҳтиёт шавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз шуморо душвориҳои зиёд дар пеш аст ва барои рафъи онҳо андешаву рафтори оқилона лозим аст. Мушкилиҳои оилавӣ то дер хотима намеёбанд, беҳуда кӯшиш накунед. Агар хоҳед, ки моҷаро калонтар нашавад, дар баъзе ҳолатҳо гузашт карда, моҷароҷӯёнро ором созед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ақрабҳое, ки аз нафаре қарздоранду қарзашонро то ҳол барнагардонидаанд, дар ин рӯз дучори мушкилӣ мешаванд. Барои барқарор кардани саломатии худу наздиконатон андаке маблағ сарф мекунед. Барои ошиқон рӯзи бобарор буда, маъракаи ақди никоҳ ё тӯй дар назар аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз занҳо худро нороҳат ҳис карда, камқувват ва рӯҳафтода мешаванд. Дар чунин вазъият онҳо ба нимаи дувуми худ сахт эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Нафарони серкор бояд вақти худро дуруст тақсим карда тавонанд, зеро вохӯриву нишастҳо аз ҳарвақта зиёдтар мешаванд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз аз хариди дирӯз кардаи худ қаноатманд мешавед, вале ин хурсандии шумо дер давом намекунад. Баъди андак фурсат аз хариди кардаи худ пушаймон мешавед. Хуб мешавад, ки ин одати худро тарк кунед. Ҳодисае, ки бо сабаби ҳамсояҳо сар мезанад, шуморо ошуфтахотир ва асабиву хашмгин мекунад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Агар обрӯву эътибори худро аз даст додан нахоҳед, бо нафарони бадкору бадкирдор ҳамнишинӣ накунед. Хусусан, дар давоми рӯз ба куллӣ аз чунин афрод дурӣ биҷӯед. Барои сафари роҳи дур рӯзи мусоид аст. Хатари ҷиддие таҳдид намекунад ва сафаратон бобарор анҷом меёбад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ҳутҳое, ки ба тиҷорат машғуланд, аз шарикони кории худ фоидаи хуб ба даст меоранд. Шом каме нотоб шуда, табатон баланд мешавад. Ба таҳлука наафтед ва воҳима низ накунед. Сабаби нотобии шумо серкорӣ ва хасташавии зиёд гуфта мешавад, на ягон бемории дигар.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД