Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2022
2016

Ҳамал

 

Дар ин рӯз ҳатто бо шахси наздиктариини худ ошкоро дарди дил накунед. Ҳар гапе ки имрӯз мегӯед, фардо ба муқобили худатон истифода мебаранд. Бо нафаре, ки нисбаташ дар дил меҳру муҳаббат мепарваред, ҳамкорӣ карданро маслиҳат намедиҳем, вагарна коратон барор намегирад.

 

Савр

 

Дар ин рӯз нақши роҳбариро хеле хуб иҷро карда метавонед. Ба якравӣ роҳ надиҳед, вале ба дигарон низ имкон надиҳед, ки ба саратон хуҷаинӣ кунанд. Корҳои шахсӣ ва кориро омезиш надиҳед. Дӯстони деринро фаромӯш насозед, рӯзе ба кӯмаки эшон сахт эҳтиёҷ пайдо мекунед. 

 

Ҷавзо

 

Дар ҳаёти шахсии аксари ҷавзоҳои оиладор муборизаҳои шадид оғоз меёбанд. Агар дар рафтори шахси дӯстдоштаатон чизе писандатон наояд, дарҳол аз ӯ наранҷед. Сабаби хафагии худро ошкоро баён намуда, аз садо баланд кардану дағалӣ худдорӣ намоед.

 

Саратон

 

Дар ин рӯз тамоми мушкилиҳои корӣ ба хубӣ ҳаллу фасл мегарданд, зеро шумо аз зумраи нафароне ҳастед, ки чӣ хостану чӣ кор кардани худро аниқ медонед. Айни замон барои рафъ намудани мушкилиҳое, ки қаблан бо осонӣ аз уҳдааш мебаромадед, қувваи зиёд сарф карданатон лозим меояд. 

 

Асад

 

Орзуву ниятҳои зиёди худро ҷомаи амал мепушонед. Агар ҳис кунед, ки аз уҳдаи коре баромада наметавонед, барқасдона амал накунед. Бо зурӣ ба мақсад намерасед. Барои шиносоиҳои ошиқона рӯзи бобарор аст. Агар дӯстдошта дошта бошед, лаҳзаҳои хотирмонро аз сар мегузаронед.

 

 

 

Сунбула

 

Агар сабру таҳаммул ва суботкориро пеша намоед, тамоми монеаҳоро убур мекунед. Ҳар кореро, ки ба анҷом мерасонед, масъулияташ ба дӯшатон бор мегардад. Ҳар кори дар ин рӯз саркардаатонро бояд ба анҷом расонед. Вохӯриву сафарҳо бобарор анҷом меёбанд.

 

Мизон

 

Имрӯз бароятон лаҳзаҳои зиёди нишотоварро тақдим месозад. Нафарони ошиқ дар дарёи пурталотуми муҳаббат моҳирона шиноварзӣ мекунанд. Ҳар қадаре меҳру муҳаббати худро бештар нишон диҳед, ҳамон андоза муҳаббат мебинед.

 

Ақраб

 

Ба ҳар коре, ки дар ин рӯз даст мезанед, табъатонро болидаву бароятон нерӯ мебахшад. Бо вуҷуди барор нагирифтани корҳоятон хавотир нашавед. Мушкилоти касбиву модӣ ба шарте бобарор анҷом меёбанд, ки ба эҳсосоти манфӣ дода нашавед.

 

Қавс

 

Вазъият тавре сурат мегирад, ки барои рафъ намудани мушкиле вақту қувваи зиёди худро сарф карданатон лозим меояд. Хушбахтона дар ҷодаи муҳаббат бурд мекунед, муносибататон бо шахсе ки дӯсташ медоред, хуб мегардад. Бегоҳирӯзӣ шамол хӯрданатон эҳтимол дорад.

 

Ҷаддӣ

 

Айни замон дар роҳи худ мушкилӣ эҷод карда, баъдан мардона аз пайи рафъ кардани он мегардед. Чунин рафторатон муҷиби хафагиву киноя шуниданатон мегардад. Хабаре, ки баъди нисфирӯзӣ мешунавед, табаътонро болидаву хотиратонро ҷамъ месозад.

 

Далв

 

Рӯзи бобарор буда, аз шумо қувваи зиёдро талаб мекунад. Мушкилиҳои дар ин рӯз сарзада ҳаётан муҳим набошанд ҳам, барои рафъ карданашон вақту нерӯи зиёд сарф карданатон лозим меояд. Хастагиятонро як меҳрубонии шахси дӯстдошта ба осонӣ рафъ месозад.

 

Ҳут

 

Метавонед корҳои душворҳали худро бемалол ба нақша гирифтан гиред, барои рафъ карданаш қувваи зиёд пайдо мекунед. Ҳама гуна гуфтушунидҳо дар сатҳи баланд мегузаранд. Ба ҳама гуна пешниҳодҳое, ки мегиред, боэҳтиёт назар намоед. Аз наздикони худ ҷасурона маслиҳат пурсидан гиред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД